23 санад ва мавзӯи Афғонистону Ғазза – мулоқоти Раҳмону Пизишкиён

Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуди Пизишкиён

Имзои 23 санад (ёддоштҳо), сармоягузорӣ, ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва вазъият дар Афғонистону Ховари Миёна. Ҳосили мулоқоти раҳбарони Тоҷикистон ва Эрон дар рӯзи 16-уми январ дар Душанбе будааст.

Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, рӯзи 15-уми январ бо сафари давлатӣ вориди Душанбе шуд ва баъди он ба Маскав меравад.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, сафари ӯро ба Душанбе "оғози марҳалаи ҷадид дар рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба бо ин кишвари дӯсту бародар" хонд.

Як таҳлилгари сиёсӣ аз Душанбе гуфт, "Теҳрон дар Ховари Миёна шикаст хӯрд. Омадани Доналд Трамп ба мақоми раисҷумҳури Амрико метавонад ба маънои фишор ва инзивои бештари Эрон бошад. Дар ин шароит, Эрон саъй мекунад, робитаҳояшро бо Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Русия ва кишварҳои муштаракулманофеъ ривоҷ диҳад." Номи ӯ ба далели пеш наомадани мушкил дар ҷойи кораш навишта намешавад.

Душанбе ва Теҳрон дар даҳ соли охир робитаи печидае доштанд, чун Тоҷикистон Эронро ба ҳимоят аз исломиёни мухолифи давлат муттаҳам мекард. Соли 2019, пас аз имзо шудани як санаде, робитаҳои ду кишвар тағйир ёфт ва рӯ ба гармӣ овард.

Бар асоси омори соли 2024, додугирифт байни Тоҷикистон ва Эрон то 336 миллион долларро ташкил додааст. Ин рақам дар соли 2021 ба 120 миллион доллар баробар буд.

Соҳибкорони Тоҷикистону Эрон рӯзи 15-уми январ 13 санади ҳамкориро ба маблағи беш аз 450 миллион доллар имзо карданд. Эмомалӣ Раҳмон онро “нишонаи мавҷуд будани имкониятҳои фарох барои ҳамкорӣ” донист.

Пизишкиён дар ҳоле ки имзои санадҳои нави ҳамкориро муҳим номид, гуфт, ду тараф дар робита ба авзои Афғонистон низ гап заданд. Вазъ дар Навори Ғазза аз мавзуъҳои дигари гуфтушунид будааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тоҷикистону Эрон. Сафари Пизишкиён ба Душанбе чиро дигар хоҳад кард?

Равобити Тоҷикистону Эрон

Равобити Тоҷикистону Эрон

Муносибати Тоҷикистону Эрон, ки забону фарҳангу таърихи ягона доранд ва ҳамзамон аз муттаҳидони муҳиму муштараки Русия ба шумор мераванд, на ҳамеша ҳамвор будааст.

Дар як даҳсолаи охир ва дар пайи танишҳое, ки боис ба қатъи сармоягузорӣ, содирот, парвози мустақими ҳавопаймоҳо ва баста шудани марказҳои хайрияву фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон шуд, ба муносибати ду кишвар осеб расонд.

Эрон дар моҳи декабри соли 2015 бо даъват кардани раҳбари Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба нишасте дар Теҳрон қаҳри Душанберо овард.

Муносибат дар соли 2017 ба сатҳи поинтарин расид. Замоне ки телевизиони давлатӣ – дастгоҳи вобастаи ҳукумати Тоҷикистон – Эронро ба сармоягузорӣ ва фармоиши қатли чанде аз чеҳраҳои шинохта дар солҳои 1997-2004 муттаҳам намуд. Эрон иттиҳоми Тоҷикистонро бепоя хонд ва эътироз кард.

Соли 2019, пас аз имзо шудани санаде, робитаҳои ду кишвар тағйир ёфт ва рӯ ба гармӣ овард.