Салоҳиятҳои духтари Шавкат Мирзиёевро зиёд мекунанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Узбекистон қонуни наве қабул шуд, ки салоҳиятҳои дастгоҳи раёсати ҷумҳурии кишварро, ки духтари президент Саида Мирзиёева раиси он аст, тақвият медиҳад. Қонун “Дар бораи дастгоҳи президенти Узбекистон”-ро 10 рӯз баъди тасвиб дар парлумон рӯзи 14 август президент Шавкат Мирзиёев имзо кард.