Исломҷон Саидов ба ҷойи Кабирӣ. Раҳбари НИТ иваз шуд

Баъзе аз ҳамҳизбонаш Исломҷон Саидовро "мавлавӣ" ва "шахси хоксору камгап" тасвир кардаанд

Исломҷон Саидови 48-сола раиси нави Наҳзати исломии Тоҷикистон (собиқ ҲНИТ) интихоб шудааст.

Ӯ дар ин мақом Муҳиддин Кабириро иваз кард.

Кабирӣ пас аз даргузашти Саид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раҳбари пешини Ҳизби наҳзати исломӣ, бист сол раёсати ҳизбро бар уҳда дошт ва тайи тақрибан ду соли охир барои тӯлонӣ монданаш дар ин мақом мавриди танқиди баъзе аз ҳамҳизбонаш қарор гирифта буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Маҳкамов рафт, гапе нашуд." Талаби истеъфои Муҳиддин Кабирӣ

Интихоби раҳбари нави Наҳзати исломӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнуъ аст, рӯзи 19-уми сентябр дар Литва баргузор шудааст.

Баъзе аз аъзои ин созмони сиёсӣ аз соли 2016 ба ин тараф дар Аврупо ва бавижа Полшаву Олмону Литва кору зиндагӣ мекунанд.

Номи Исломҷон Саидов дар ҷомеаи Тоҷикистон чандон матраҳ нест.

Вай дар чанд барномаи видеоӣ дар Ютуб сиёсатҳои ҳукуматро танқид карда, аз тарафи баъзе ҳамҳизбонаш "мавлавӣ" ва "шахси хоксору камгап" тасвир шудааст.

Исломҷон Саидов аз моҳи майи соли гузашта муовини аввали раиси НИТ буд.