Саида Мирзиёева хоҳони ҳукми қатл барои ҷиноятҳои сангин шудааст

Саида Мирзиёева. Акс аз бойггонӣ

Саида Мирзиёева, духтари раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев, хоҳони эҳёи ҳукми қатл барои ҷиноятҳои сангин дар ин кишвар шудааст.

Изҳороти ӯ, ки ҳамзамон раҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Узбекистон аст, дар вокуниш ба таҷовуз ба номуси як кӯдак дар вилояти Намангон садо дод.

Мирзиёева рӯзи 27-уми сентябр дар саҳифааш дар Телеграм навишт: “Барои чунин ҷиноятҳои ваҳшатбор, ба бовари ман, бояд ҳукми қатл татбиқ шавад. Дареғ, қонунгузории ҳозира инро пешбинӣ намекунад.”

Ӯ афзуд, дар ҳоли ҳозир барои сахттар кардани ҷазо тарҳи тағйирот ба қонунро омода мекунанд.

Нашрияи Gazeta.uz навишт, мақомоти Узбекистон таҷовузи як шогирди 5-соларо дар кӯдакистони давлатӣ дар Намангон таҳқиқ доранд.

Бо гумони содир кардани ин ҷиноят мудири 52-солаи анбор дастгир шудааст. Модари тифл гуфтааст, хешовандони марди гумонзад ба ҷиноят ба онҳо пул пешниҳод карданд.

Шаҳноза, духтари дигари Шавкат Мирзиёев, дар шарҳи ин ҳодиса гуфтааст, Оҷонси миллии ҳифзи иҷтимоӣ ба хонаводаи кӯдаки ҷабрдида дасти ёрӣ дароз мекунад, то ба шаҳри дигар бикӯчанд.

"Ба онҳо хона медиҳанд. Тамоми чораҳои заруриро барои офиятрасонӣ ва ёриҳои иҷтимоӣ фароҳам мекунанд. Аз ҷумла, модарро бо ҷойи кор таъмин мекунанд ва агар зарур буд, дар тағйир додани ному насаби онҳо ёрӣ мерасонанд, то тавонанд зиндагии наверо аз сар бигиранд," – гуфтааст Шаҳноза Мирзиёева, муовини аввали раиси Оҷонси миллии ҳифзи иҷтимоии Узбекистон.

Дар Узбекистон аз моҳи январи соли 2008 бо қарори президенти пешинаи он кишвар, Ислом Каримов, ҳукми қатл бекор карда шудааст.

Шавкат Мирзиёев соли 2022 дар як изҳороташ гуфт, ба эҳёи ҳукми қатл дар ин кишвар розӣ нест ва пешниҳод кард, ки дар Конститутсия ҳам ҳамин нукта дарҷ гардад. Аз соли 2023 мораторияи ҳукми қатл дар Узбекистон дар Қонуни асосии ин кишвар ҷой дода шудааст.