Сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, давоми 35 сол садҳо ҳазор китоби дарсӣ ба низоми маорифи Тоҷикистон тақдим карда, ҳазорҳо муаллимро омӯзиш забони англисӣ додааст. Ба гуфтаи Сафорат, сармоягузорӣ аз сӯи ин кишвар ба соҳаи маорифи Тоҷикистон дар оянда низ идома хоҳад дод.
Хонум Карсон Релитc Рокер, Кордори муваққати Сафорати Амрико дар Душанбе дар мақолае навишт, ки самараи ин ҳамкориҳо будааст, ки ба гуфтаи ӯ, "як насли раҳбарони тоҷик бо забони бизнеси ҷаҳонӣ ва дипломатия", озода сӯҳбат мекунанд.
Дар ин мақола омадааст, ки танҳо дар соли 2024 сафорати Амрико барои хонандагони синфҳои даҳ ва ёздаҳи мактабҳои Тоҷикистон 240000 китоби дарсӣ ба забони англисӣ тақдим кардааст. Ҳамчунин аз соли 2004 ба инсӯ барномаи "English Access"-и Сафорати Амрико ба 2 500 нафар ҷавонони тоҷик курсҳои дусолаи забони англисиро пешниҳод кардааст.
Ба навиштаи Кордори Сафорати Амрико, аз соли 2009 ба ин тараф 40 нафар аз муаллимон дар барномаи "English Language Fellows" дарс гуфтаанд ва шабака барои муаллимони англисӣ бо номи "Забони англисӣ бидуни марзҳо" (English Without Borders), то 4000 нафар афзудааст.
Инчунин тариқи барномаи "Fulbright" тақрибан 100 нафар муаллимони ҷавон аз Тоҷикистон дар синфхонаҳои амрикоӣ таҳсил кардаанд ва беш аз 100 нафари дигар ин курсҳо оид ба таълими забони англисӣ ҳамчуни забонро дувумро ба анҷом расонидаанд.
Дар чаҳорчӯби барномаи "Забони англисӣ барои мансабдорони давлатӣ", беш аз 550 нафар мансабдорони вазорату идораҳои Тоҷикистон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд, ки ба гуфтаи Сафорат, бо сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои кормандони давлатӣ, ҳамхонӣ дорад.
Ҳамчунин барномаи "Забони англисӣ барои рӯзноманигорон" беш аз 700 нафар рӯзноманигорон ва намояндагони васоили ахбори оммаро фаро гирифтааст.
Сафорати Амрико ҳамасола беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистонро тавассути як қатор барномаҳои мубодилавии илмӣ, касбӣ ва раҳбарии Амрико -- аз ҷумла, барномаҳои FLEX, IVLP, Open World, Global UGRAD, SUSI, TechGirls ва TechWomen, ба Амрико мефиристад.
Ба иттилои сафорат ҳоло тақрибан 9 ҳазор хатмкунандаҳои барномаҳои мубодилаи ИМА аз Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни кишвар кору фаъолият мекунанд
Ба иттилои Сафорат, аз миёни хатмкунандаҳои барномаҳои мубодилаи Амрико аз Тоҷикистон, бисту се нафари онҳо аз соли 1993 инҷониб дар вазифаҳои вазир ё муовини вазир хизмат кардаанд ва шуморе ҳам дар ниҳодҳои додгоҳӣ, додситонӣ, андоз ва ҳукуматҳои маҳаллӣ кор мекунанд.
Амрико дар баробари кӯмак ба арсаи маорифи Тоҷикистон, инчунин ба бахшҳои дигар, чун тандурустӣ, кишоварзӣ ва ниҳодҳои интизомӣ садҳо миллион доллар кӯмак кардааст.