Сафорат: боздошти навраси 16-соларо дар Русия пайгирӣ дорем

Акс аз ҷойи ҳодиса

Сафорати Тоҷикистон боздошти шаҳрванди 16-солаи кишварро дар Русия бо иттиҳоми куштор пайгирӣ дорад.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар посухи хатӣ ба Радиои Озодӣ навишт, "Хадамоти консулии сафорат бо мақомоти Русия тамоси мустақим дошта, ҷараёни тафтишотро пайгирӣ менамояд".

Дар Вазорати корҳои хориҷӣ гуфтанд, тафтиши ҳодиса идома дорад ва баъд аз гирифтани маълумоти иловагӣ расонаҳоро дар ҷараён хоҳанд гузошт.

Рӯзи 11-уми июн Кумитаи тафтишотии Русия аз боздошти як шаҳрванди хориҷӣ бо иттиҳоми куштаву захмӣ кардани як падару писар хабар дод. Расонаҳо навиштанд, ҳамлавар 16-сола ва зодаи Тоҷикистон аст.

Назари наздикони наврас ба қазия ва ҳамин тавр ангезаи ӯ барои ин кор маълум нест.

Дар гузашта ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми содир кардани ҷиноят дар Русия дастгир шудаанд. Пайвандони баъзе аз муҳоҷирон ба бегуноҳии наздиконашон пойфишорӣ кардаанд.