Сафири Русия гуфт, Душанбе дар таҳқиқи "Крокус" ҳамкорӣ кард

Семен Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон.

Сафири Русия дар Душанбе мегӯяд, мақомоти қудратии Тоҷикистон дар таҳқиқи ҳолатҳои ҳамла ба толори консертии "Крокус", фаъолона ширкат доранд.

Семен Григорев дар мусоҳиба бо хабаргузории русии ТАСС гуфтааст, мақомоти қудратӣ ва амниятии Тоҷикистон ба дархостҳои ҳамтоёнашон аз Русия дар бораи таҳқиқи ҳодисаи "Крокус" фавран вокуниш карданд.

Аммо Сафири Русия ҷузъиёти ҳамкории мақомоти қудратии Тоҷикистон ва Русияро ифшо накардааст. Семен Григорев танҳо гуфтааст, ки тамосҳои ду кишвар дар ин бахш идома доранд.

Ҳанӯз маълум нест, ки ҳамкории мақомоти Тоҷикистон бо Русия дар робита ба қазияи "Крокус" аз чӣ иборат буд. Вале наздикони бархе аз гумонбарони ин ҳамла дар Тоҷикистон пештар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, муфаттишони рус бо онҳо дар Душанбе суҳбат кардаанд.

Изҳороти ахири Сафорати Русия дар ҳоле садо дод, ки таҳқиқи ҳамлаи хунин ба толори консертии "Крокус" ба анҷом расида, қарор аст парванда моҳи март ба додгоҳ равад.

Ба гумони нақшарезӣ ва кӯмак ба ҳамлаи рӯзи 22-юми марти соли гузашта ба толори "Крокус" зиёда аз бист тан, асосан зодагони Тоҷикистон, дар боздошт ҳастанд.

Чор нафари онҳо омилони асосӣ муаррифӣ шуда, дар рӯзҳои аввали боздошт бо гӯши нимбурида, беҳушу беҳаракат ва порчае аз селофан дар гардан дар додгоҳ дида шуданд.