Сафири Эронро дар Чехия барои суханҳои Шикорчӣ эҳзор кардаанд

Қароргоҳи марказии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага

Як рӯз пас аз изҳороти сухангӯйи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Вазорати корҳои хориҷии Чехия сафири Ҷумҳурии Исломиро дар ин кишвар эҳзор кардааст. Хабарро Петр Мачинка, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чех, рӯзи 27-уми август эълон намуд.

Абулфазл Шикорчӣ, сухангӯйи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, рӯзи 26-уми август дар мусоҳибае иддао кард, ки бахши форсии "Би-би-сӣ", "Ирон Интернешнл" ва "Радиои Фардо", бахши форсии Радиои Озодӣ ба "рӯйхати ҳадафҳои низомӣ" шомиланд. Радиои Фардо дар шаҳри Прага, маркази Ҷумҳурии Чех, қарор дорад.

"Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ ба ин муассисаҳои хабарӣ ҳамчун расона нигоҳ намекунанд," – гуфт Шикорчӣ ва иддао кард, ки онҳо бо "Моссад" ва CIA, созмонҳои истихборотии Исроил ва Амрико, мустақим иртибот доранд.

Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, бо сармояи Конгрес ва зери назорати Оҷонси расонаҳои байнулмилалии Амрико (USAGM) фаъолият мекунад. Ин расона рӯзи 27-уми август дар матлабе нигошт, ки бо CIA ё Моссад ягон иртибот надорад.

"Радиои Фардо ҳамеша талош кардааст, ки барои мухотабони форсизабон хабар ва гузоришҳои дақиқу бетарафонаро пешниҳод кунад," – гуфта шудааст дар ин матлаб.

Бори аввал нест, ки мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ расонаҳои форсизабони берун аз Эрон ва кормандони онҳоро "агенти хориҷӣ, ҷосусҳо, таҳдидҳои амниятӣ" номидаанд. Аммо бесобиқа аст, ки як мансабдори Ҷумҳурии Исломӣ ин расонаҳои хабариро ҳамчун "ҳадафҳои низомӣ" эълон кунад.