Сафари вазири корҳои хориҷии Покистон ба Афғонистон

Вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор дар фурудгоҳи Кобул.

Вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор 19 апрел бо сафари якрӯза ба Кобул сафар кардааст. Вазорати корҳои хориҷии Покистон мегӯяд, ки дар ин сафар шуморе аз вазирони дигар Исҳоқ Дорро ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар назар аст, ки ҳайати покистонӣ бо мақомоти баландпояи ҳукумати Толибон, аз ҷумла, нахуствазири ин гурӯҳ Мулло Ҳасан Охунд, дидор кунад.

Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки меҳвари ин сафар, густариши ҳамкориҳо миёни Толибон ва Покистон дар заминаҳои "амният, тиҷорат, робитаҳои минтақавӣ ва робитаҳои мардумӣ", мебошад.

Вазири корҳои хориҷии Покистон дар ҳоле ба Афғонистон сафар мекунад, ки ин кишвар дар камтар аз 20 рӯзи гузашта даҳҳо ҳазор афғони муҳоҷирро аз хокаш берун кардааст.

Вазири корҳои дохилии Покистон 18 апрел дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки аз оғози моҳи апрел то кунун 85 ҳазор афғон аз Покистон ба Афғонистон бозгаштаанд.

Ҳукумати Толибон омори паноҳандагони бозгашта аз Покистонро 71 ҳазор нафар гуфтааст.