Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар нимаи дувуми рӯзи 15 июн барои ширкат дар нишасти раҳбарони ҳафт кишвари саноатии дунё маъруф ба G 7, вориди шаҳри Женева шуд ва сипас ба шаҳри Эвиан-ле-Бен дар Фаронса рафт, ки ҷаласа онҷо баргузор мешавад.
Нишасти раҳбарони Гурӯҳи 7 имсол билофосила пас аз эълони созиши сулҳ байни Эрон ва Амрико барои поёни ҷанг, доир мешавад. Интизор меравад, ки ин мавзуъ меҳвари аслии гуфтугӯи раҳбарони кишварҳои узв бошад.
Амрико, Фаронса, Бритониё, Олмон, Канада, Италия ва Ҷопон кишварҳои узви Гурӯҳи 7 ҳастанд.
Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, ки мизбони ин давра аз нишасти раҳбарон аст, рӯзи 15 июн дар пайи эълони созиши сулҳи Амрико ва Эрон гуфт, ки дар нишасти Гурӯҳи 7, "паёмадҳо"-и созиш бо Эрон аз назари таъсири он ба Лубнон, бозкушоии пойдори тангаи Ҳурмуз ва барномаи мушакии Эрон, баррасӣ хоҳад шуд.
Илова бар масъалаи Эрон ва ҷанг дар Ховари Миёна, интизор меравад ҷанг дар Украина ҳам аз мавзӯъҳои дигари мавриди баҳси нишасти имсоли Гурӯҳи 7 бошад. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина қарор аст рӯзи сешанбе дар нишаст иштирок кунад.