Сафари Трамп ба Анқара барои ширкат дар нишасти НАТО

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои ширкат дар нишасти дурӯзаи сарони НАТО ба Анқара, пойтахти Туркия сафар кард.

Қарор аст афзоиши хароҷоти дифоии Аврупо ва бозтаърифи нақши Амрико дар амнияти қораи Аврупо, аз мавзӯъҳои меҳварии ин нишаст бошад.

Ба навиштаи хабаргузории "Франс пресс", муттаҳидони НАТО дар нишасти рӯзи 7 июл дар Анқара афзоиши чашмгири хароҷоти дифоии худро муаррифӣ хоҳанд кард, то бо ин битавонанд норозигии сахти президенти Амрикоро нисбат ба вокуниши Аврупо ба ҷанги Эрон, коҳиш диҳанд.

Мақомҳои амрикоӣ пеш аз ин нишаст гуфтанд, бозбинии Пентагон дар бораи вазъи нерӯҳои Амрико дар Аврупо мумкин аст ба коҳиши шумори нерӯҳои амрикоӣ дар ин қора бианҷомад. Иқдоме, ки Вашингтон онро бахше аз интиқоли масъулиятҳои дифоӣ ба муттаҳидони аврупоӣ гуфтааст.

Марк Рютте, дабири кулли НАТО гуфтааст, кишварҳои аврупоӣ дар ҳоли иҷрои ӯҳдадориҳои худ барои афзоиши хароҷоти дифоӣ ҳастанд.