Сафари камсобиқаи мансабдорони Амрико ба Беларус

Кристофер Смит. Акс аз соли 2023

Се мансабдори баландпояи Амрико барои гуфтушунид дар бораи раҳоии теъдоде аз зиндониёни сиёсӣ дар ивази сабуктар кардани таҳримҳо ба Беларус рафтаанд.

Хабарро нашрияи “The New York Times” рӯзи 15-уми феврал чоп кард.

Ба иттилои манбаъ, муовини ёвари котиби давлатии Амрико дар умури Аврупо Кристофер Смит ва ду мақоми дигар дар Минск буданд.

Онҳо бо раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко ва раиси Кумитаи амнияти миллии ин кишвар шартҳои созишро баррасӣ кардаанд.

Замони дақиқи сафари онҳо ва мулоқоташон бо Лукашенко мушаххас нест.

Дар ҳар сурат, ин мулоқоти нахустини Лукашенко дар панҷ соли охир бо мақомоти баландпояи Вазорати корҳои хориҷии Амрико будааст.

Ин гузориш баъди он нашр шуд, ки Кристофер Смит ва котиби давлатии Амрико Марко Рубио рӯзи 13-уми феврал гуфтанд, як шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида ва ду маҳбуси сиёсӣ аз зиндонҳои Беларус озод карда шудаанд.

“Онҳоро ба мо супурданд ва мо онҳоро ба воситаи Литва баргардондем," -- гуфт Смит ба телевизиони CNN.