Сафари фармондеҳи артиши Покистон ба Эрон

Cафари Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон ба Теҳрон. 22 май, 2026.

Хабаргузории эронии ИСНА аз сафари маршал Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон ба Теҳрон хабар дод. Ӯро дар фурудгоҳ Искандар Муъминӣ, вазири корҳои дохилии Эрон пешвоз гирифтааст.

Пеш аз ин ИРНА -хабаргузории давлатии Эрон ба нақл аз манбаъҳои дипломатӣ дар Исломобод эълон карда буд, ки низомии баландмақоми покистон рӯзи ҷумъа ба Эрон сафар кардааст.

Расонаҳои Эрон рӯзи панҷшанбе гуфта буд, ки Осим Мунир қарор аст ба Теҳрон сафар кунад, аммо ин сафар 24 соат ба таъхир афтодааст.

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, ки барои иштирок дар нишасти вазирони НАТО ба Шведсия сафар кардааст, низ гуфт, ки Вашингтон бо фармондеҳи артиши Покистон дар тамос аст ва интизор меравад, ки ӯ хеле зуд вориди Теҳрон шавад.

Бархе расонаҳо мегӯянд, ки сафари Осим Мунир ба Теҳрон нишонаи "пешрафт"-и гуфтугӯҳо аст. Рубио низ аз бархе пешрафтҳо дар гуфтугӯҳои Амрико ва Эрон хабар дод. Ӯ ҳамзамон гуфт, ки ҳанӯзи тавофуқ ниҳоӣ нашудааст.

Покистон аз замони барқарории оташбас дар рӯзи 8 апрел ва баъд аз 40 рӯз ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон, дар нақши миёнарав амал мекунад ва як даври гуфтугӯҳо миёни намояндагони баландпояи Теҳрон ва Вашингтон дар пойтахти ин кишвар баргузор шуд.