Сафар ба Узбекистон бо шиносномаи дохилӣ?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон розӣ шудаанд, ки сафари шаҳрвандони ду кишварро бо шиносномаҳои дохилӣ ё ID-кортҳо ба қаламрави ҳамдигар иҷозат диҳанд. Ин нукта дар тарҳи протоколи байниҳукуматии ду кишвар дарҷ шуда, ҳанӯз ба иҷро надаромадааст. Ҳукумати Тоҷикистон чанде пеш онро тасдиқ кард.