Беш аз сад нафар ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонашро мекобанд

Беш аз сад нафар дар амалиёти ҷустуҷӯйи ҷасади Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамсараш Амина Амонуллоева, духтари дусолааш Орифа, ёвараш Садоншо Ҷанобалишо ва ронандааш Сино Муборакшоев иштирок доранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо нашри як навори видеоӣ аз амалиёти ҷустуҷӯӣ гуфт, беш аз 100 наҷотбахши ин ниҳод дар баробари дигар сохторҳои қудратии кишвар ҷустуҷӯро идома медиҳанд.

Ба иттилои ин ниҳод, корҳои ҷустуҷӯӣ аз мавзеи ҳодиса оғоз гардида, дар минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои Дарвоз ва Шамсиддин Шоҳин, минтақаи Кӯлоб ва дигар мавзеъҳо, ҷараён дорад.

Мошини хидматии Алишер Мирзонабот рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ афтод. Ӯ ва ҳамроҳонаш аз Душанбе ба Хоруғ мерафтанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби ҳодисаро "суръати баланд" ва "аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда" номид.