Афзоиши ҷаримаи ронандагон. Садама кам хоҳад шуд, ё ришва бештар?

Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон барои риоят накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ҷаримаҳоро ба ҳадди дарднок барои ронандагон боло мебаранд. Аз 76 сомонӣ то ба ҳазорон сомонӣ. Ҳамаи ин дар Кодекси ислоҳшудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳаст, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16-уми феврал имзо кард.

Мақомот ва вакилони порлумон ҳадафро водор кардани ронандагон ба риояи қоидаҳо ва пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ донистаанд, ки солона садҳо нафарро дар Тоҷикистон мекушад ва ё маъюби якумрӣ мекунад. Мухолифон бовар доранд, ки ин тасмим бештар ҷанбаи иқтисодӣ дорад.

Набастани тасмаи бехатарӣ – то 156 сомонӣ

Дар матни Кодекси нав, ки Радиои Озодӣ онро дид, аз ин пас барои набастани камарбанд ё тасмаи бехатарӣ дар дохили мошин ҷарима аз 78 то 156 сомонӣ ҳам зиёд мешавад. Қароре, ки зоҳиран ронандагони садҳо ҳазор мошинро дар кишвар, ки бастани камарбандро чандон муҳим намешуморанд, нигарон ва шояд эҳтиёткор хоҳад кард. Қаблан барои ин қонуншиканӣ ронандагон дар Тоҷикистонро аз 36 то 72 сомонӣ ҷарима мебастанд.

Вакилони мардумӣ ҳангоми тасвиби тарҳи нави Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гуфтаанд, ҳадаф аз боло бурдани ҷаримаҳо “танзими дурусти ҳаракати воситаҳои нақлиёт, пешгирӣ аз садамаҳои маргбор дар кишвар аст, ки солона дар натиҷаи онҳо садҳо нафар куштаву маъюби якумрӣ мешаванд.”

Роҳ надодан ба “Ёрии таъҷилӣ” – то 858 сомонӣ

Аз ин баъд ҷарима барои итоат накардани ронандагон ба чароғаки сурхи роҳнамо ё роҳ надодан ба мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” то ба 858 сомониро ташкил хоҳад дод.

Риоя накардани суръати ҳаракат ва ё ҳаракат бо суръати баланд бар хилофи қонун ҷазои сахттар ва ҷаримаи зиёдтар хоҳад дошт. Намоишкорӣ ҳангоми ронандагӣ, ба мисли “дрифт” ва ба қавли мақомот беэҳтиромӣ ба ронандагони дигар аз 760 сомонӣ то бештар аз 1100 сомонӣ хоҳад буд.

Ронандагони тоҷик аз ин пас барои риоят накардани суръати таъйиншудаи ҳаракат дар роҳ ҳам ҷаримаи зиёдтар мепардозанд ва он ҳам аз марзи 1000 сомонӣ ва ё 100 доллар ҳам мегузарад.

Садама кам мешавад?

Боло бурдани ҷаримаҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамеша баҳси зиёдеро ба бор меорад. Мақомот ва бахусус Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ҳамеша гуфтаанд, ки ҳадафи асосии боло бурдани ҷаримаҳову сахт кардани танбеҳи ронандагони қонуншикан пеш аз ҳама таъмини амнияти мардум аст.

Онҳо омори садамаҳоро намуна меоранд, ки воқеан тарснок аст. Масалан, соли 2025, ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 643 кас ҷон дода ва 1500 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба ибораи дигар, ҳар рӯз дар роҳҳои Тоҷикистон 2 нафар ҷон додаву 4 каси дигар маҷрӯҳ ва шояд маъюби якумрӣ шудаанд. Дар соли гузашта садамаҳое ҳам будаанд, ки дар онҳо як оилаи комил аз байн рафта, ҷашни арӯсӣ ба мотам табдил шудааст.

Навор дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷарима. Садама кам хоҳад шуд, ё ришва бештар?

Ронандагон боинтизом мешаванд ё “нархи ришва” меафзояд?

Мақомот мегӯянд, ҳаракат бо суръати баланд, сархуш ё маст рондани мошин, суҳбати телефонӣ ҳангоми ҳаракат аз сабабҳои асосии садамаҳои нақлиётӣ ҳастанд. Ба гуфтаи онҳо, фалсафаи ҷаримаи гарон ин аст, ки ронандагон аз тарси аз даст додани пули зиёд мекӯшанд, бо риояти қоидаҳо ва боэҳтиёту дуруст ронандагӣ кунанд.

Мухолифони тасмим бовар доранд, ки ҳадафи мақомот аз боло бурдани ҷаримаҳо бештар ҷанбаи иқтисодӣ дорад. Далелашон ҳам ин аст, ки ҷаримаҳо яке аз роҳҳои бисёр осони пур кардани буҷаи давлат ба ҳисоб меравад ва бахусус дар шароите, ки корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон камтар ва баръакс эҳтиёҷи давлат ба даромад зиёдтар аст.

Як назари манфӣ ба иқдоми давлат ин аст, ки ҷаримаҳои нав бо музди кор дар Тоҷикистон мутаносиб нестанд. Масалан, барои як коргар ва ё ронандаи одӣ, ки 2-3 ҳазор сомонӣ маош мегирад, ҷаримаи чандсадсомонӣ зарбаи сахти иқтисодист. Дар ин миён як ҷанбаи ҳассоси дигар низ ҳаст, ки оё дар воқеъ ҷаримаи баланд ронандагонро боинтизом мекунад ва ё танҳо “нархи ришва”-ро, ки бисёре аз нозирони роҳро ба гирифтани он муттаҳам мекунанд, боло мебарад.

Ба қавли яке аз ронандагони таксӣ, ки Радиои Озодӣ бо ӯ суҳбат кард, вақте ҷарима барои ҳаракат бо суръати баланд, масалан, 500 сомонӣ мешавад, эҳтимоли он ки ронанда бо нозири роҳ дар ҷойи ҳодиса бо 200 сомонӣ масъаларо ҳал кунад, бештар мешавад.