Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз як садамае хабар дод, ки дар рӯзи 5-уми октябр ҷони се нафар, аз ҷумла як тифли яксоларо гирифтааст.
Дар баёнияе, ки вазорат рӯзи 7-уми октябр дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард, омадааст, фалокат дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор, рӯй дод.
Ба иттилои манбаъ, Ҳамдам Ниёзов, ронандаи мошини “Kia K5”, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мазкур модари 29-сола Шукрона Табарова ва тифлони 9-сола ва яксолаи ӯро, ки аз роҳи пиёдагардон мегузаштанд, пахш кардааст.
Ҳарсе узви як хонавода дар ҷойи ҳодиса ҷон додаанд.
Вазорат гуфтааст, ҳодисаро таҳқиқ мекунад ва аксеро аз ҷойи ҳодиса нашр кардааст, ки дар он мошини сахт осебдидаву нимавайронае дида мешавад. Аммо гуфта нашудааст, ки сабаби фалокат чӣ буд ва кадом тараф қоидаи ҳаракатро риоят накардааст.
Рӯзе пештар аз ин, ВКД гуфта буд, ки дар ноҳияи Шаҳритус як тифли 5-соларо низ мошин зада ва куштааст.
Садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон ҳамвора як мавзӯи доғ дар кишвар боқӣ мемонанд.
Бино ба омори Вазорати корҳои дохилӣ, танҳо дар шаш моҳи соли 2026 дар натиҷаи 531 садама 287 нафар ҷон бохта, 508 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба ибораи дигар фақат дар ним сол ҳар рӯз дар роҳҳои Тоҷикистон на камтар аз як нафар ба ҳалокат расида ва се каси дигар захм бардоштаанд.
Роҳҳои ноҳамвор, додани парвона бидуни таҷрибаи кофӣ ва донистани қоидаҳои ронандагӣ ба мардум ва суръати баланду беэътиноӣ ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро аз сабабҳои маргумири зиёду фоҷиаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон медонанд.