Тоҷикистон ва Эрон рафтуои мардуми худро ба хоки ҳамдигар осон кардаанд.
Акнун барои он шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон, ки шиносномаи хориҷӣ доранд ва мехоҳанд бо роҳи заминӣ ё тавассути давлати севум ба ин ду кишвар бираванд, раводид ё виза зарур нест.
Сайидҷон Шафизода
Сайидҷон Шафизода, муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, гуфт, ин муқаррарот аз 5-уми октябр ба иҷро даромад.
То ин дам танҳо шаҳрвандоне, ки бо ҳавопаймо байни ду кишвар рафтуо мекарданд, аз гирифтани раводид озод буданд.
"Низоми мазкур тавассути гузаргоҳҳо, аз ҷумла гузаргоҳҳои заминӣ, фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва хатсайрҳои ҳавоӣ аз кишварҳои сеюм… амалӣ карда мешавад," – афзуд Сайидҷон Шафизода.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон ҳақ доранд ба муҳлати 30 рӯз (дар давоми се моҳ) бидуни раводид ба кишварҳои якдигар ворид ё аз он берун шаванд ва ё муваққатан иқомат кунанд.
Муносибати Тоҷикистону Эрон, ки чандин сол сарду печида буд, соли 2019, пас аз имзо шудани санаде тағйир ёфт ва рӯ ба гармӣ овард. Ин ду кишвар забону фарҳангу таърихи ягона доранд ва дар айни замон аз ҳампаймонҳои муҳиму муштараки Русия ба шумор мераванд.
Даҳҳо тоҷикистонӣ бо мақсади саёҳату тиҷорату табобат ба Эрон мераванд. Шаҳрвандони Эрон ҳам бештар барои тиҷорату дидани Тоҷикистон меоянд.
Тасмими нави Душанбеву Теҳрон дар ҳолест, ки парвози ҳавопаймоҳои ширкати эронии "Вориш” аз Эрон ба Тоҷикистон бо сабаби таҳримҳои Амрико дучори мушкил гаштааст.
Вазорати хазинадории Амрико аз 8-уми сентябр ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии Эронро ба рӯйхати таҳримҳои худ шомил карда, аз 23-юми сентябр таҳримҳои дуюмдараҷаро барои расонидани хидматрасонӣ ба ҳама гуна ҳавопаймои эронӣ дар саросари ҷаҳон ба иҷро даровард.