Дар ним соли гузашта дар шаҳри Душанбе 5 мавриди ба шавҳар додани духтарони ноболиғро сабт ва ба зидди волидони онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе рӯзи 19-уми июн дар баёнияе дар Телеграм навишт, бо вуҷуди манъ будани издивоҷи духтарони то 18-сола “баъзе аз падарону модарон дидаву дониста духтари ба синни никоҳ нарасидаи худро ба шавҳар медиҳанд.”
Издивоҷи ноболиғон дар Тоҷикистон ҷиноят аст ва барои кор ҷаримаҳои бузург ва аз 2 то 5 сол зиндон ҷазо таъйин шудааст.
Дар Тоҷикистон фақат дар ҳолатҳои истисноӣ ва бо қарори додгоҳ, ба духтарони ноболиғ ё зери синни 18 сол иҷозаи издивоҷ медиҳанд.
Бино ба омори Додгоҳи олӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон бештар аз 3300 духтари ноболиғ издивоҷ кардаанд ва ин никоҳи бармаҳал ва хатарнок барои ояндаи худи духтар ба ҳисоб меравад.
Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон гуфтааст, соли гузашта 20 мавриди беиҷоза ба шавҳар додани духтарони ноболиғ ва 27 мавриди ақди никоҳ бо фарди ҳанӯз ба синни 18 нарасида сабт шудааст.