С.Муҳриддин изҳороти як моҳ пеши таблиғгарони Кремлинро "ҳангомаҷӯёна" номид

Владимир Соловёв

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамлаҳои ахири лафзии таблиғгарони сиёсатҳои Русия Александр Дугин ва Владимир Соловёвро ҷоҳталабӣ ё “амбитсияҳои шахсии чеҳраҳои расонаӣ” ва “назарияҳои ҳангомаҷӯёнаи онҳо” номид.

Ӯ ин нуктаро рӯзи 6 феврал дар Душанбе, дар нишастии хабарии вазорат дар ҳузури хабарнигорони дохиливу хориҷӣ баён кард. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт:

«Мавқеи мо комилан возеҳ аст, заминаи муколамаи давлатӣ байни Душанбе ва Маскавро на амбитсияи шахсони алоҳидаи расонаӣ ва на назарияҳои ҳангомаҷӯёнаи онҳо, балки принсипҳои устувори ҳуқуқи байналмилалӣ ва маҷмуи васеъи созишномаҳои дуҷониба, ки аз озмоиши замонии муносибатҳо гузаштаанд, ташкил медиҳад».

Посухи вазири тоҷик дар ҳоле садо дод, ки моҳе пеш, дар паи изҳориназарҳои баҳсбарангези таблиғгарони Кремлин ҳеҷ як аз мақомот дар Душанбе вокунише накарданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин

Рӯзи ҷумъа, ки дипломати калони тоҷик нишасти матбуотии солонаи ВКХ-ро барпо мекад, гуфт, ниҳоди сиёсати хориҷӣ Тоҷикистон фазои иттилоотӣ ва муҳити расонаиву коршиносиро ҳамеша пайгирӣ ва назорат мекунад. “Бинобар ин, албатта, тамоми ахбору дигар изҳороте, ки аз доираҳои коршиносӣ ва муҳити расонаӣ садо медиҳанд, аз мадди назар дур намемонанд”, гуфт С.Муҳриддин.

Владимир Соловёв, рӯзноманигор ва аз мубаллиғони сиёсатҳои Кремл чанде қабл дар як барномаи телевизионӣ пас аз амалиёти ИМА дар Венесуэла ва боздошти раиси ҷумҳури ин кишвар гуфт, кишвараш бояд барои манфиатҳои худ ба Арманистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ “лашкар кашад”. Баъдан Александр Дугин, ки ӯро файласуф ва мубаллиғи “Русский мир” меноманд, низ соҳибихтиёрии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро зери суол бурда, гуфт, “замони давлатҳои миллӣ ба поён расидааст ва Русия бояд онҳоро зери назорати худ бигирад”.

Шералӣ Ризоён, коршиноси равобити байналмилал аз Тоҷикистон чунин изҳороти чеҳраҳои наздик ба Кремлро он замон “беэҳтиромӣ ба Тоҷикистони шарики стратегии Русия” номид ва гуфт, маҳкум кардан “кам аст, бояд чораҳои ҷиддӣ андешид”. Ризоён, аз ҷумла, гуфт: “Яке аз гузинаҳое, ки метавонад корбурд шавад, ин метавонад мамнӯъулвуруд эълон кардан дар тамоми кишварҳои минтақа аст, агар ҳама кишварҳои минтақа чунин қарорро қабул кунанд, чун онҳое, ки ба чунин гуфтору даъватҳо даст мезананд, дар оянда шояд биандешанд, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ якпорчагӣ ва худсолорӣ барои онҳо як гапи пуч нест”.

Аз миёни кишварҳое, ки Соловёв ва Дугин барои таҳти нуфузи Русия қарор гирифтани онҳо «лашкаркашӣ» ба онҳоро дуруст медонанд, танҳо Арманистон посухи расмӣ дод ва сафири Русия дар Ереванро эҳзор ва ба ӯ номаи эътирозӣ супурд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи расмӣ вокунише накарданд. Ҳарчанд Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар пайи изҳороти Соловёв гуфт, ки ин "мавқеи расмии Маскав нест" ва "фикри шахсии журналист аст, ки дар телевизиони ғайридавлатӣ садо додааст". Аммо бисёриҳои изҳороти Соловёв ва Дугинро заминасозӣ барои оянда номидаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҳукумати Русия аз баёнияи маддоҳи Путин фосила гирифтВокунишҳо: “Изҳороти маддоҳи Путин беэҳтиромӣ ба Тоҷикистон аст”.