С.Муҳриддин ҳамла дар сарҳади Афғонистонро аз ҷаласаи САҲА матраҳ намуд

Акс аз сомонаи ВКХ

Дипломати калони Тоҷикистон зимни ширкат дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви САҲА дар Вена ба тавсеаи ҳамкориҳо даъват намуд. Ҷаласа рӯзи 4 декабр барпо шуд ва, ба навиштаи сомонаи ВКХ, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон авлавиятҳои Тоҷикистонро дар се бахши ҳамкорӣ бо САҲА – низомию сиёсӣ, иқтисодию муҳитзистӣ ва башарӣ баён кардааст. Ҷузъиёти гуфтугӯҳои вазир нашр намешавад.

Дар идомаи хабар омадааст, ки Муҳриддин бо ёдоварӣ аз ду ҳодисаи марговари ҳамла ба коргарони чинӣ дар сарҳад бо Афғонистон «ба зарурати тавсеаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои иштирокдори созмон баҳри вокуниш ба чолишҳои умдаи ҷаҳони муосир таъкид кардааст». Вазорат онҳоро «ҳодисаҳои нохуш» номидааст.

Дар ҳодисаҳои шаби 26-уми ноябр ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва 30-юми ноябр ба ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон панҷ коргари чинӣ куштаву панҷ тани дигар захмӣ шуданд. Мақомот дар Душанбе гуфтанд, баъди ин марз бо Афғонистон тақвият дода мешавад.

Даъвати вазир ба тавсеаи ҳамкориҳо бо САҲА дар ҳоле садо медиҳад, ки дар солҳои охир бо сабаби ба ҷаласаҳои арзёбиҳои инсонии ин созмон дар Варшава даъват шудани мухолифони тоҷик, робитаҳои ҳукумати Тоҷикистон бо ин ташкилоти байналмилалӣ маҳдуд гардид.

Аз ҷумла, дар остонаи интихоботи имсолаи парлумонии Тоҷикистон барои аввалин бор нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА (ODIHR) гуфтанд, бо сабаби "набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабтином ё аккредитатсияи нозирон" аз мушоҳидаи интихоботи моҳи март даст мекашанд. Он замон вазир Муҳриддин ба хабарнигорон гуфт, нозирони ODIHR тартиби сабтиномро риоя накарда, кишварро тарк намуданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Марзҳои тавоноӣ. Ҳамлаҳо аз Афғонистон онро ба озмоиш мекашандВКХ эҳтимоли ҷалби нерӯҳои Русия ё СПАД-ро ба марзи Тоҷикистон рад кардМухолифон аз САҲА хостанд, ки ба Тоҷикистон фишори сахттар орадМухолифони тоҷик барои ширкат дар ҳамоиши САҲА ба Лаҳистон рафтаандЭдуардс Стипрайс: Амният  муҳим аст, ҳуқуқи инсон низДидори Муҳриддин бо комиссари САҲА оид ба масоили ақаллиятҳои миллӣ