Рӯйхати "махсус" дар Тоҷикистон. Вокунишҳо ба эълони ВКД

Акс аз навори мақомот гирифта шудааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, фолбинҳо, шахсони ба ном мулло, фоҳишаҳо ва муштариёну наздикони онҳо ва ҳам гирифторони маводи мухаддирро дар як махзани маълумот гирд оварда, онҳоро зери назорати махсус мегирад. Намояндаи созмони байнулмилалии Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ин тасмимро “ҳолати рӯшани поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандон” номид.

Муллосаидҷон Амонуллоев барои дуохонии корафтодагон боздошт ва ҷарима шудааст. Мегӯяд, мақомот ӯро бе далел ҳамчун “фолбин” зери назорат гирифтанд.

“Кори ман фоида дошт, вале маро ба “гармию хунукӣ” ва “фолбинӣ” муттаҳам карданд. Худи ман фолбин нестам. Ман тибқи қонун кор кардаам,” – гуфт ӯ рӯзи 27-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ. Мулло ҳарос дорад, ки идомаи кораш метавонад мушкилоти сахттаре барояш биёрад.

Дар Тоҷикистон амалиёти зидди фолбинҳо соли 2025 авҷ гирифт. Вазири умури дохилӣ, Рамазон Раҳимзода, моҳи июли имсол дар нишасти матбуотӣ гуфт, танҳо дар шаш моҳ зиёда аз 600 касро бо гумони фолбинӣ ва сеҳру ҷоду дастгир карданд.

Фолбинӣ ва ҷодугарӣ дар Тоҷикистон ҷазо дорад. Бори аввал ҷарима мебанданд ва агар такрор шуд, то ду сол зиндонӣ мекунанд. Сар аз соли гузашта рафтан ба назди фолбин низ бо ҷарима муҷозот мешавад.

Бархеҳо аз чунин бархӯрд ҳимоят мекунанд ва бархи дигар мегӯянд, масъала бедалел аз будаш зиёд нишон дода мешавад. Идома ёфтани амалиёт баёнгари он аст, ки равуои аҳолӣ низ ба назди фолбину ҷодугару ба ном муллоҳо кам намешавад.

Як далели ин ҳолро ҷомеашинос Шӯҳрат Латифӣ дар камбуди хадамоти равоншиносони касбӣ мебинад: “Ин кам бохабар будан аз дину оин аст. Ҳоло ҳама чиз дастрас аст, хоҳ чопӣ, хоҳ электронӣ. Мутаассифона, бисёртар мардуме, ки китоб намехонанд, муроҷиат мекунанд ба шабакаҳои иҷтимоӣ. Ҳоло фолбинҳои тоҷик ба хидматрасонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузаштаанд."

"Ин санад одамонро табъйиз мекунад"

Ҳю Вилямсон

Эълони Вазорти корҳои дохилӣ аз 21-уми октябр мегӯяд, муштариён ва наздикони шахсони номбаршуда ҳам зери назорат гирифта мешаванд. Ҳю Вилямсон, намояндаи созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch, ин тасмимро танқид кард.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Бешубҳа, мақомот масъулияти тартиботу қонунро ба дӯш доранд, вале чунин кор бояд танҳо бо назардошти риояи ҳуқуқи ҳар кас сурат гирад. Ин санад одамонро табъйиз карда, бархе афродро ба мисли танфурӯшҳо ё нашъамандон шармандаву доғдор мекунад. Он чи ки ҳукумат бояд кунад, ин аст, ки бояд ҳуқуқи инсон ва гуногунрангии ҷомеаро ҳимоят кунад, то ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ бошад.”

Инро ҳам бинед:

"Ҷарима ҳам кунанд одами мерафтагӣ боз назди фолбин меравад"

Мубориза бо фолбинҳову муллоҳо, ки дар қарнҳои пешу солҳои аввали ҳукумати шӯравӣ ҳам вуҷуд дошт, дар остонаи баста шудани ҳизби наҳзати исломӣ дар соли 2015 аз нав авҷ гирифт, аз ин рӯ, боздошту беобрӯ кардани шахсиятҳои алоҳидаро мунаққидон дорои ангезаҳои сиёсӣ номиданд.

Музаффар Олимов

Ҷомеашинос Музаффар Олимов мегӯяд, ин ҳолат баёнгари номувозанатӣ дар ҷомеа аст: “Муллоҳои баобурӯ, бонуфуз дар ҷомеа, албатта, кам нестанд. Ман дар назар дорам ҳам расмиву ҳам ғайрирасмӣ. Онҳо вазифадоранд, ки дар ин масъалаҳо пешдаст бошанд. Махсусан, масҷидҳои панҷвақта. Агар муллоҳои он маҳал обрӯву эътибор дошта бошанд, мардумро ташвиқ карда тавонанд, онҳо ба ин масъала ҷалб шаванд, ба назарам ба таври зӯрӣ кор кардан бо чунин масъалаҳо пеш намеояд."

Олимов ҳамзамон афзуд, "агар мардум ба кори худ машғул бошанд, ҳарчи бештар бо кор таъмин бошанд, гумон намекунам, ин хел овозаю фикру назарҳо фарогири ҷомеа шаванд.”

Баъзе аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ бо ишора ба таҳдиди ВКД дар бораи муҷозоти муштариёни ин гурӯҳи ёдшуда мегӯянд, дар миёни онҳо ҳам одамони одӣ ва ҳам шахсиятҳои бонуфуз, ба мисли мақомоту сарватмандон ҳастанд ва маълум нест, ин нафаронро ҳам барои истифодаи хадамоти ин гурӯҳ ба ҷавобгарӣ мекашанд ё на.

Як мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, чунин навъи тасмимҳо ба иловаи ангуштнамову беобрӯ кардани шахсон, роҳро барои коррупсияву тамаъҷӯӣ низ боз мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистонро соли 2017 барои таҳияи феҳристи шахсони ҳамҷинсгаро ҳамчун як тадбири дигари поймолкунандаи ҳуқуқи камшуморон танқид карда буданд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯйхати ВКД киҳоро дар бар мегирад?