Басимов: "Ман буғӣ кардам, Сахапов гарданашро бурид"

Федор Басимов дар додгоҳ

Федор Басимов, яке аз сарбозони пойгоҳи 201-уми Русия, худро дар куштори Раҳимҷон Тешабоев -- сокини ноҳияи Рӯдакӣ гунаҳкор донист ва гуфт, ки дар ин кор ба ӯ Илдар Сахапов ёрӣ додааст.

Дар мурофиаи додгоҳии рӯзи 7 август Федор Басимов, яке аз сарбозони пойгоҳи 201-уми Русия, худро дар куштори Раҳимҷон Тешабоев -- таксирони тоҷик гунаҳкор донист. Нишондодҳои ӯро Дмитрий Норвинд, додраси Додгоҳи округи Урали Русия, ки пойгоҳи 201 низ тобеи он аст, қироат кард.

Ба эътирофи Басимов, сабаби аслии куштори таксирон Раҳимҷон Тешабоев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, аз сӯи онҳо, ин қарздориашон дар назди ӯ будааст. Ин қитъаи эътирофоти Басимовро додрас Норвинд чунин қироат кард: "Ман, яъне Басимов аз Сахапов пурсидам, ки аз Тешабоев қарздорам ва чӣ бояд кард? Ӯ ҷавоб дод, ки ӯро бояд кушт." Федор Басимов аз Раҳимҷон Тешабоев 50 ҳазор рубл қарздор будааст.

"САХАПОВ ГАРДАНИ ТАКСИСТРО БУРИД"

Ба қавли Басимов, онҳо баъдан якҷоя бо ҳамхидматаш -- Илдар Сахапов тарҳи куштори Тешабоевро таҳрезӣ карда, ибтидо рӯзи 16 августи соли 2014 талош намудаанд, то "масъаларо ҳал кунанд." Басимов мегӯяд, бори якум онҳо муваффақ нашуда, рӯзи 18 август Раҳимҷон Тешабоевро "моҳигирӣ меравем" гуфта, фиреб медиҳанд ва ба лаби кӯли деҳаи Чимтепаи ноҳияи Рӯдакӣ мебаранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мурофиаи ду сарбози рус дар Душанбе

Ин қисмати ҳодиса ба эътирофи Басимов чунин сурат гирифтааст: "Ман (Басимов) дидам, ки дар атроф касе нест, бо нидои “давай” таксистро буғӣ кардам. Вай муқобилият нишон дод ва Сахапов ба ёрии ман шитофта, дари чапи мошинро кушод ва бо корд ба Тешабоев ҳамла кард. Аммо Тешабоев кордро аз дасти ӯ гирифт ва дасти Сахаповро захмӣ кард. Ман гулӯи ӯро сахт мефишурдам, то замоне ки дастам кархат шуд. Баъдан Сахапов аз дасти рост омада, дари мошинро кушод ва мо якҷоя таксистро буғӣ кардем. Ӯ аз ҳуш рафт ва Сахапов ӯро кашола карда ба берун баровард. Ман кордро ба Сахапов додам ва ӯ гардани таксистро бурид."

ИҚРОР - ЗЕРИ ФИШОРИ МАҚОМОТ?

Ҳарчанд Илдар Сахапов дар гузорише, ки ба тафтишот додаааст, ширкаташ дар ин кушторро эътироф мекунад, вале гирифтани тасмими куштори Тешабоевро бар дӯши Басимов мегузорад. Сахапов дар мурофиаи 7 август комилан аз ин иқрорҳои хаттиаш даст кашида гуфт, он зери фишори мақомоти тафтишот ба даст омадааст. Сахапов айбҳои эълонкардаи тафтишот нисбаташро комилан рад кард.

Акси Раҳимҷон Тешабоев

Аммо барои аввалин бор буд, ки бархе аз хабарнигорон ба мурофиаи куштори таксирони тоҷик дар пойгоҳи 201-уми Русия иҷозаи вурудро доштанд. Дар ҳамин ҳол, афсарони пойгоҳи 201-и Русия наворҳои видеоии хабарнигорони “Озодӣ”-ро аз ҷараёни додгоҳ мусодира карданд. Ин наворҳо пас аз тафтиш ва ризояти Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ баъд аз 1 соат барояшон баргардонида шуд, вале як қисми он пок шуда буд.

10 МИЛЛИОН - ҶУБРОНПУЛӢ

Мурофиаи навбатӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки наздикони Раҳимҷон Тешабоев, таксироне, ки соли гузашта аз тарафи ду сарбози пойгоҳи 201-уми Русия кушта шуд, дар додгоҳ 10 миллион рубли русӣ ҷуброн талаб кардаанд. Тавре Рустам Тешабоев, бародари Раҳимҷон Тешабоев ба Радиои Озодӣ гуфт, айбдоршаванда Федор Басимов ба пардохти қисме аз маблағи ҷуброн дар ҳаҷми 140 500 рубл ризо шудааст, вале сарбози дигар -- Илдар Сахапов худро аслан гунаҳкор намеҳисобад ва биноан ҳама гуна ҷазоро ба гардан намегирад.

Ин ду сарбози пойгоҳи Русия рӯзи 26 августи соли гузашта баъд аз он боздошт шуданд, ки шаби 19 август ҷасади сарбуридаи Раҳимҷон Тешабоев аз назди кӯле дар қарибиҳои деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ

Илдар Сахапов дар додгоҳ

пайдо шуд. Тешабоев одатан дар назди қароргоҳи пойгоҳи 201-и Русия, дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе таксиронӣ мекард. Сахапов ва Басимов барои он дар ин куштор гумонбар дониста шуданд, ки бо Тешабоев додугирифти молӣ доштаанд.

БЕМОРОНИ РАВОНӢ?

Дар лаҳзаҳои аввали боздошт масъулони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон гуфтанд, ки Илдар Сахапов ва Федор Басимов бемории равонӣ доранд ва моҳи октябри соли гузашта онҳо барои ташхис ба бемористоне дар Екатеринбург фиристода шуданд. Ин ташхис, ки беш аз як моҳ идома кард, бемори равони будани ин ду сарбози русро рад намуд ва сипас онҳо боз ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Пойгоҳи низомии 201-и Русия бо наздик ба 7 ҳазор сарбозу афсари худ дар се шаҳри Тоҷикистон - Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ҷойгир шудааст. Моҳи октябри соли 2012 Маскаву Душанбе мӯҳлати будубоши сарбозони рус дар қаламрави Тоҷикистонро то соли 2042 тамдид карданд. Дар иваз Русия мебоист дар навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кумак кунад. Бино бар созишнома, ин пойгоҳ ҳимояи манфиатҳои Русия ва якҷо бо артиши Тоҷикистон амнияти ин кишварро таъмин мекунад. Ду тараф онро омили таъмини субот ва амният дар минтақа арзёбӣ мекунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Монеагузорӣ ба хабарнигори Озодӣ дар додгоҳи сарбозони пойгоҳи Русия