Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташхиси тиббӣ мегӯяд, гумонбарони қатли таксирони тоҷик солиманд


Илдар Сахапов (аз чап) ва Федор Басимов, сарбозони поойгоҳи 201-и Русия.
Илдар Сахапов (аз чап) ва Федор Басимов, сарбозони поойгоҳи 201-и Русия.

Бар пояи ташхиси тиббӣ, ду сарбози пойгоҳи 201-и Русия, ки дар қатли шаҳрванди Тоҷикистон Раҳимҷон Тешабоев муттаҳам дониста мешаванд, аз ҷиҳати равонӣ солим будаанд.

Сарбози пойгоҳи 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон Илдар Сахапов ва Федор Басимов, ки дар қатли ронандаи таксӣ Раҳимҷон Тешабоев, муттаҳам мешаванд, шоми рӯзи панҷшанбе бо ҳавопаймо аз Екатеринбург ба Душанбе интиқол дода шуданд ва ташхиси равонии онҳо нишон додааст, ки саломатанд ва ҳеҷ мушкили равонӣ надоштаанд.

Наздикони Раҳимҷон Тешабоев рӯзи 26-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шоми дирӯз вақте, ки сарбозони пойгоҳи 201 Сахапов ва Басимовро ба Душанбе оварданд, онҳо бо хулосаи тиббии Ташхисгоҳи низомии Екатеринбург ошно шудаанд, ки мувофиқи он, ҳарду сарбоз аз нигоҳи равони сиҳатастанд.

Яке аз наздикони Раҳимҷон Тешабоев ба Радиои Озодӣ гуфт, “вақте ки сарбозонро оварданд, дар фурудгоҳи Душанбе муфаттишони пойгоҳи 201-ум онҳоро ҳамроҳӣ мекарданд ва гуфтанд, ки ҳеҷ масъалае дар мавриди саломатии равонии онҳо набудааст ва санади хулосаи ташхисро ҳам ба мо нишон доданд.”

Бо гумони он, ки ин ду сарбоз аз лиҳози равонӣ солим нестанд, онҳо моҳи октябри соли равон барои ташхиси тиббӣ ба Екатеринбург интиқол дода шуда буданд. Сахапов ва Басимов барои он ба Екатеринбург бурда шуданд, ки пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ба ҳавзаи марказии ҳарбии Русия тааллуқ дорад ва ситоди марказии он дар Екатеринбург воқеъ аст.

Ба қаламрави Русия бурда шудани ду гумонбари қатли шаҳрванди Тоҷикистон сару садоҳоеро ба миён оварда буд, ки пойгоҳ мехоҳад, сарбозони худро аз ҷавобгарии ҷиноӣ раҳо кунад. Ин дар ҳолест, ки таҳқиқи ҷиноӣ ва муҳокимаи парвандаи мазкур бояд дар яке аз додгоҳҳои пойтахти Тоҷикистон сурат гирад.

Ду сарбози пойгоҳи Русия рӯзи 26-уми августи соли равон баъд аз он боздошт шуданд, ки шаби 19-уми август ҷасади сарбуридаи Раҳимҷон

Раҳимҷон Тешабоев
Раҳимҷон Тешабоев

Тешабоев аз назди кӯле дар назди деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт шуд. Тешабоев одатан дар назди қароргоҳи пойгоҳи 201-и Русия, дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе таксиронӣ мекард. Сахапов ва Басимов барои он дар ин куштор гумонбар дониста шуданд, ки бо Тешабоев додугирифти молӣ доштанд.

Як манбаи наздик ба ҷараёни тафтишот ба Радиои Озодӣ гуфт, Фёдор Басимов аз Раҳимҷон Тешабоев 50 000 рубл қарздор будааст. Ӯ аз ҳамхидматаш Илдар Сахапов машварат мепурсад, ки бо “таксист” чӣ кунад? Мусоҳиби Озодӣ гуфт, онҳо тибқи маслиҳати пешакӣ ибтидо рӯзи 16 август талош кардаанд, то "масъаларо ҳал кунанд." Вале бори якум муваффақ нашуда, рӯзи 18 август Раҳимҷон Тешабоевро "моҳигирӣ меравем" гуфта, фиреб медиҳанд ва дар лаби кӯл Фёдор ронандаро медораду Элдар гарданашро мебурад.

Раҳимҷон Тешабоев, ки бо мошини “Опел-Астра”-аш асосан ба сарбозону афсарони як воҳиди пойгоҳи 201-и Русия дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе хидмат мерасонд, 36-сол ва падари 3 фарзанд буд.

Пойгоҳи 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон бо тақрибан 7000 афсару аскараш бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар буда, соли 2012, бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон ба камияш то соли 2042 тамдид шуд.

Феълан тафтиши парванда аз ҷониби гурӯҳи муфаттишони пойгоҳи 201-и Русия идома дорад, чунки мувофиқи созишномаи ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон, сарбозони Русия дар Тоҷикистон аз масуният дар баробари ҷавобгарии ҷиноӣ бархӯрдоранд ва агар ҷинояте дар қаламрави Тоҷикистон содир кунанд, бар асоси қонунгузории Русия ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG