Сели муҳоҷирони тоҷик дар метрои Маскав

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯзи 25-уми июн даҳҳо ҳазор нафар аз мусулмон ва аз ҷумла ҳазорон нафар аз муҳоҷирони тоҷик барои адои намози Иди Рамазон дар масҷиди ҷомеи Маскав ҷамъ омаданд. Яке аз хонандагони вебсайти Радиои Озодӣ, видеои 5 дақиқаиро аз дохили яке аз истгоҳҳои метрои Маскав ба мо фиристод, ки сели муҳоҷиронеро нишон медиҳад, ки вориди метро мешаванд ва нидоҳое ҳам ба забони тоҷикӣ аз онҷо баланд мешавад, ки “ҳамдигарро зер накунед”.