Русия қоидаҳои муҳоҷиратро дигар мекунад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Русия тарҳеро пешниҳод кардаанд, ки мумкин аст, аз соли 2027 низоми ҷалби коргарони хориҷиро тағйир диҳад. Тарҳи нави кор механизми "патент"-ро, ки муҳоҷирон баъди гирифтани он кор мекунанд, беэътибор мекунад. Пешниҳод дар Консепсияи нави сиёсати муҳоҷирати Русия барои солҳои 2026-2030 аст.