Русия муҳоҷирони Осиёи Марказиро аз даст медиҳад. Бо амалиёту зӯриву маҳдудият

Амалиёт ба зидди муҳоҷирон.

Бозори кории Русия ҳамчунон сахт мӯҳтоҷи нерӯи корӣ аст. Худи Максим Решетников, вазири рушди иқтисодии Русия аввали моҳи сентябр гуфт, ки эҳтиёҷ ба дастони корӣ ҳамчунон зиёд боқӣ мемонад. Айни замон теъдоди хориҷиён дар ин кишвар кам мешавад.

Дар ин бора Андрей Кикот, раиси хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи 10-уми сентябр зимни гузориш ба раиси ҷумҳур Владимир Путин дар бораи татбиқи сиёсати муҳоҷират сӯҳбат кард ва гуфт, ки ҳоло дар Русия аз 6 то 6,5 миллион шаҳрванди хориҷӣ ҳузур доранд, ки тақрибан 8 фоиз камтар аз гузашта аст. Тақрибан 3 миллион нафари онҳо муҳоҷирони корӣ ҳастанд.

Бо назардошти эҳтиёҷ ба дастони корӣ, мақомоти Русия талош доранд, ки бештар нерӯи кории хориҷиро ҷалб кунанд, вале айни замон фишорро ба муҳоҷироне, ки барвақт омадаанд, афзоиш диҳанд. Дар ду соли охир мақомот тақрибан 100 ҳазор хориҷиро аз қаламрави кишвар ихроҷ ва вуруди 197 ҳазори нафари дигарро манъ кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ амалиётҳо ба зидди муҳоҷиронро пайваста идома медиҳад ва дар вилоятҳо кори муҳоҷиронро дар соҳаҳои гуногун маҳдудтар мекунанд. Ҳамзамон, мақомот ҷалби муташаккилонаи хориҷиёнро барои корфармоёни русӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати муҳоҷират меноманд.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар бораи мавридҳое гузориш медиҳанд, ки муҳоҷиронро бо шиканҷа ва фиреб маҷбур мекунанд бо артиши Русия қарордод баста ба ҷанги Украина бираванд.

Аксу видеоҳои амалиётҳоро худи мақомоти интизомӣ пайваста нашр мекунанд. Маъмурони интизомии мусаллаҳ ба биноҳо ворид шуда, одамонро ба замин мехобонанд, санадҳояшонро мегиранд ва гумонбарон ба қонуншиканиро боздошт мекунанд.

Миқёси тафтишу амалиёт кам намешавад. Танҳо дар марҳилаи аввали амалиёти «Нелегал – 2026» дар саросари Русия, ки моҳи июн анҷом ёфт, вазорати корҳои дохилӣ аз ошкор шудани 60,2 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи муҳоҷират хабар дод. Гуфтанд, ки 14,6 ҳазор хориҷиро аз кишвар ронда ё депортатсия карда, 30 ҳазори нафари дигарро аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум сохтаанд. Вазорати корҳои дохилӣ махсусан аз тафтиши ҷойҳои зисти пайваста ва кори шаҳрвандони хориҷӣ хабар медод.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Андоз барои хеши бекори муҳоҷир... Ба Путин аз вазъи муҳоҷират гузориш доданд

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, ки пас аз оғози ҷанги Русия дар Украина, фишор ба шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр афзоиш ёфт. Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми амалиётҳо бар иловаи боздошти муҳоҷирон, онҳоро ба имзои қарордод бо артиши Русия маҷбур мекарданд.

Ӯ мегӯяд: «Амалиётҳои оммавӣ, шиканҷаи воқеӣ, бо электрошокер, аз ҷумла гузоштани он ба аъзои таносулӣ, латукӯб ва бо завлонаҳо дар даст овезон кардан дар панҷара вуҷуд дошт, то одамонро ба имзои қарордод бо артиши Русия маҷбур кунанд.»

Ба гуфтаи Чупик, дар боздоштгоҳу зиндонҳо низ айни корро мекарданд. Аввал маҳбусонро бо истифода аз зӯрӣ барои рафтан ба ҷанг водор мекарданд ва сипас ҳамингуна аз зиндон гирифта мебурданд.

Ӯ меафзояд: «Муҳоҷиронро аз зиндонҳо мерабуданд. Нахуст шиканҷа ва зӯроварии ҷинсӣ буд, то қарордодро имзо кунанд. Баъд аз ин мошинҳои калон ва автобусҳои вазорати мудофиа меомад, мардум саф мекашиданд ва низомиён онҳоро интихоб мекарданд. Ҳеч чизро намефаҳмонданд, ҳеч чизро имзо намекарданд. Онҳоро танҳо аз зиндонҳо дуздида мебурданд.»

Қарордод дар байни санадҳои муҳоҷират

Ҷалби сарбозон, ба гуфтаи Чупик, танҳо дар ҷараёни амалиётҳо ё дар зиндонҳо сурат намегирифт, балки дар муассисаҳои давлатӣ ҳам ҷараён дошт, ки хориҷиён барои дуруст кардани санад ба онҳо муроҷиат мекунанд.

Ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, муҳоҷирро аз маркази муҳоҷират гӯиё барои маълумотнома ба комиссариати низомӣ мефиристоданд, вале дар он ҷо ӯро боздошт ва ба имзои шартнома маҷбур мекарданд. Дар дигар ҳолат, қарордодро дар байни дастаи санадҳое ҷой медоданд, ки шахс ҳангоми гирифтани ҳаққи кор, ё иқомат муҳоҷират имзо мекард.

Валентина Чупик мегӯяд: «Ҷалб ба ҷанг аз роҳи фиреб дар марказҳои муҳоҷират сурат мегирифт. Ҳангоми муроҷиат ба идораҳои муҳоҷират кормандон онҳоро ба комиссариати низомӣ мефиристоданд. Одамон ба он ҷо мерафтанд ва онҳоро мегирифтанду ба имзои қарордод маҷбур мекарданд. Ё қарордодро пинҳонӣ дар байни дигар санадҳо мегузоштанд.»

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Ба мо чӣ даркор?" Эътирози вакили мардумии Русия нисбат ба тоҷикон

Моҳи январи соли 2026 хабаргузории Associated Press чунин шеваи монандро тасвир карда буд. Чанде аз шаҳрвандони Бангладеш ба хабаргузорӣ нақл карданд, ки онҳоро барои кор, ба мисли фаррошӣ даъват кардаанд, аммо пас аз омадан санадҳоро ба фақат забони русӣ ба онҳо додаанд, ки дар байни онҳо қарордод бо артиш будааст. Чанд ҳамсуҳбати Associated Press гуфтанд, ки пас аз омодагии кӯтоҳи низомӣ онҳоро ба ҷанг фиристодаанд ва саркашӣ аз он бо таҳдиди зӯрӣ, зиндон ё марг ҳамроҳ буд.

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки хатари афтодан ба ҷанг танҳо ба муҳоҷирони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳдуд намешавад. Associated Press дар бораи ҷалби хориҷиён аз Ҳиндустон, Непал, Бангладеш, Ироқ ва кишварҳои Африқо гузориш додааст.

Хориҷиён камтар мешаванд

Бо сахттар шудани сиёсати муҳоҷират, омадани хориҷиён ба Русия камтар мешавад. Ба иттилои Шӯрои амниятии милли Русия, дар семоҳаи аввали соли 2026 ба кишвар 2,5 миллион хориҷӣ ворид шудаанд, ки 15 дарсад камтар аз ҳамин давраи соли 2025 аст. То 1-уми апрел дар Русия 6,1 миллион шаҳрванди хориҷӣ ҳузур дошт, дар ҳоле ки соле пеш ин рақам 6,8 миллионро ташкил медод.

Муҳоҷирати корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ низ коҳиш меёбад. Соли 2025 тақрибан 702 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба хориҷа рафтаанд, ки нисбат ба соле пеш 11 дар сад камтар аст. Соли 2024 теъдоди онҳо 790 000 буд. Дар нимсолаи аввали соли 2026 мақомоти Тоҷикистон аз коҳиши 1,7 дарсадии муҳоҷират хабар доданд, агарчӣ рақами дақиқро нагуфтанд.

Бо вуҷуди ин, дар бораи қатъ шудани муҳоҷирати корӣ аз Осиёи Марказӣ ба Русия сухан гуфтан барвақт аст, зеро миллионҳо сокини минтақа дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Аслан шеваи қабули муҳоҷирон, ки мақомоти Русия ба он такя мекунанд, тағйир меёбад.

Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷират барои солҳои 2026–2030, ки Владимир Путин тасдиқ кардааст, «суръат бахшидан ба гузариш ба ҷалби муташаккилонаи коргаронро»-ро пешбинӣ мекунад. Яъне шахс бояд назди корфармои мушаххас, ба ҷойи муайяни кор ва ба мӯҳлати мушаххас меояд.

Коргарон аз Ҳиндустон

Яке аз манбаъҳои нави нерӯи корӣ барои Русия ҳоло Ҳиндустон мешавад. Ҳукумати Русия барои соли 2026 квотаро барои 278 940 коргар аз кишварҳое муқаррар кард, ки бо онҳо низоми раводид дорад ва ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта 19 дар сад бештар аст. Ба гуфтаи Денис Алипов, сафири Русия дар Ҳиндустон, то моҳи июни соли 2026 дар Русия беш аз 70 ҳазор шаҳрванди Ҳиндустон кор мекарданд.

Онҳоро дар шаҳрҳо дидан мумкин аст. Моҳи декабри соли 2025 дар Петербург 18 шаҳрванди Ҳиндустон барои поккории кӯчаҳо дар моҳи июли соли 2026 ва 23 дӯзанда ба таври муташаккилона ҷалб карда шуданд. Мақомот гуфтанд, сабаб он буд, ки ин корхонаҳо натавонистанд, аз байни шаҳрвандони худи Русия ин ҷойҳои холиро пур кунанд. Ба коргарони хориҷӣ ҷойи зист, хӯрокворӣ аз ҳисоби корфармо ва маоши камаш ҳазор доллар дар як моҳ пешниҳод кардаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Ғуломии созмонёфта". Русия қоидаҳои қабули муҳоҷиронро дигар мекунад?

Пайдо шудани коргарон аз Ҳиндустон ва Бангладеш маънои онро надорад, ки онҳо ҷои сокинони Осиёи Марказиро мегиранд. Шаҳрвандони кишварҳои муштаракулманофеъ ҳамчунон қисми зиёди муҳоҷиронро ташкил медиҳанд, аммо густариши ҷуғрофиёи коргарони хориҷӣ нишон медиҳад, ки корфармоёни рус то чӣ андоза ба манбаъҳои нави нерӯи корӣ эҳтиёҷ доранд.

Миллионҳо коргар ба ҷойи бознишастаҳо

Сабаб танҳо рафтани муҳоҷирон нест. Худи Русия ба давраи коҳиши аҳолӣ ва нерӯи қобили кор ворид мешавад. Иқтисоддон Владислав Жуковский норасоии коргаронро ба коҳиши табиии аҳолӣ ва ҷанг вобаста медонад.

Ӯ гуфт: «Тавре мақомот мегӯянд, афзоиши манфии демографӣ вуҷуд дорад. Яъне ҳар сол аҳолӣ 500 ҳазор нафар камтар мешавад. То соли 2030 Русия тақрибан се миллион нафарро аз даст медиҳад ва то соли 2035 ин коҳиш ба панҷ миллион нафар мерасад. Аз ин рӯ, ҳоло вазорати кор муовини нахуствазир Голикова ошкоро мегӯянд, ки касе барои кор нест ва норасоии кадрҳо аз 4 то 4,5 миллион нафарро ташкил медиҳад.»

Ба гуфтаи Жуковский, ҷанг мардони қобили корро аз иқтисод берун мекунад, чун як қисм мемирад, гурӯҳи дигар маъюб мешавад ва як қисм муддати дароз аз бозори кори ғайринизомӣ берун меравад.

Миқёси мушкилоти ояндаро мақомоти Русия низ эътироф мекунанд. Татьяна Голикова, муовини нахуствазир гуфтааст, ки то соли 2030 ҷалби иловагии 800 ҳазор коргар ва ҷойгузин кардани 10,1 миллион нафар ба иқтисод зарур мешавад, ки чун ин табақа бознишаста мешаванд. Дар маҷмӯъ, сухан дар бораи тақрибан 11 милллион нафар меравад. Валентина Чупик ба ин назар аст, ки иқтисоди Русия ҳоло ба муҳоҷирони бештар ниёз дорад.

Ӯ мегӯяд: «Иқтисоди Русия ҳамасола ба тақрибан 6,5 миллион муҳоҷир ниёз дорад. Барои нигоҳ доштани иқтисод 6,5 миллион нафар лозим аст. Аммо медонед, ҳоло чӣ қадар муҳоҷирони корӣ ба Русия меоянд? 2,5 миллион нафар. Дар чунин вазъ сухан на на танҳо дар бораи рушди иқтисодиёт, балки дар бораи ҳифзи он меравад.»

Жуковский эҳтиёҷи тақозои баландро ба меҳнати муҳоҷирон ба сохтори иқтисоди Русия низ рабт медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, бисёр соҳаҳо кори дастӣ ва бидуни ихтисосро талаб мекунанд. Ӯ мегӯяд: «Ҳам Собянин ва ҳам Марат Хуснуллин пайваста мегӯянд, ки касе нест, ки кӯчаҳоро покиза кунад, партовҳоро барад, дар сохтмонҳо кор кунад... Аз ин рӯ, норасоии дастони корӣ азим аст.»

Коргарон лозиманд, аммо маҳдудиятҳо бештар мешаванд

Ҳамзамон бо ҷустуҷӯи коргарони нав, Русия имкониятҳоро барои хориҷиёни омада маҳдуд мекунад. То моҳи июни соли 2026 маҳдудиятҳо барои ҷалби муҳоҷирон дар соҳаҳои алоҳида дар 52 вилояти Русия вуҷуд дошт. Дар шаҳри Санкт Петербург, масалан, то охири сол муҳоҷиронеро, ки бо патент кор мекунанд, аз ҳаққи ронандагӣ ва курйерӣ маҳрум карданд.

Дар сатҳи Русия низ маҳдудиятҳо ҳастанд. Соли 2026 ҳукумат ҳиссаи ниҳоии ҷоизи коргарони хориҷиро дар сохтмон то 50 фоиз коҳиш дод. Дар сабзавоткорӣ ва ҷангалпарварӣ ҳадди 40 фоиз муқаррар шудааст. На танҳо танзими кор, балки назорат бар худи хориҷиён низ сахт мешавад. Аз сентябри соли 2025 дар шаҳри Маскав ва вилояти Маскав таҷрибаи сабти иловагии муҳоҷирон ҷорӣ мешавад, ки то сентябри соли 2029 идома хоҳад ёфт. Қонун имкони истифода аз иттилои телефонҳои мобилӣ ва макони ҳузури хориҷиёнро пешбинӣ мекунад.

Чупик бар он аст, ки мураккаб кардани қоидаҳо бештар шароитро барои ришвахорӣ фароҳам мекунад. Ӯ мегӯяд: «Онҳо фикр мекунанд, ки чӣ тавр ин ҳамаро ба воситаи ҷамъоварии пора табдил диҳанд. Ҳоло метавон дар ҳар сония барои гирифтани пора рафт.»

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Дар Русия мушкилӣ зиёд аст, вале дар ватан интихоби беҳтаре нест"

Шояд барои муҳоҷирони эҳтимолӣ алтернативаҳои бештар пайдо шаванд. Ба гуфтаи Жуковский, сокинони Осиёи Марказӣ ҳоло бештар имкони кор дар Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудиро баррасӣ мекунанд.

Дар натиҷа, сиёсати муҳоҷирати Русия ду вазифаи муқобилро ҳамзамон ҳал мекунад. Ба иқтисодиёт коргарони нав лозиманд ва мақомот квотаҳоро зиёд карда, дар бораи ҷалби муташаккилонаи коргарон қарордод мебанданд ва коргаронро аз Ҳинду дигар кишварҳо меоранд.

Аммо дар баробари ин давлат назоратро сахттар карда, амалиёт анҷом медиҳад, хориҷиёнро берун мекунад ва соҳаҳоеро, ки онҳо метавонанд кор кунанд, маҳдуд месозад. Консепсияи нави сиёсати давлатии муҳоҷират барои солҳои 2026–2030 аслан роҳи ҳалли ин масъаларо пешниҳод мекунад, на даст кашидан аз нерӯи кории хориҷӣ, балки мудирияти ҳадди аксари онро.

Оё аз ин роҳ ҷуброн кардани коҳиши муҳоҷирати суннатӣ аз Осиёи Марказӣ ва бароварда сохтани эҳтиёҷоти иқтисоди Русия имконпазир хоҳад шуд, ҳанӯз номаълум аст. Аммо аз ҳоло Русия зиндагиро барои як қисми муҳоҷирон сахттар карда, муҳоҷирони дигарро дар дуртар аз марзҳои худ меҷӯяд.