Муҳоҷирон аз Ҳиндустон дар Русия ба ҷойи тоҷикону узбекҳо?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Русия солҳои охир дар баробари фишор болои муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба даъвати муҳоҷирони корӣ аз Ҳиндустон ва кишварҳои дигари ҳампаймонаш рӯй овардааст. Ба ин васила Маскав мехоҳад муҳоҷирати кориро зери назорати шадид гирифта, ҳамзамон ба коршариконаш гуё ҷоиза диҳад ва кумак кунад.