Вазорати умури дохилии Русия гуфтааст, ки дар ҳар рӯзи ним соли гузашта аз қаламрави ин кишвар тақрибан 400 хориҷӣ ва ё муҳоҷирони кориро берун кардаанд, ки бидуни шак дар байни онҳо муҳоҷирони тоҷик низ ҳастанд.
Ирина Волк, сухангӯи ин вазорат дар канали худ дар Телеграм навиштааст, ки дар нимаи аввали соли 2026 аз қаламрави Русия “72.6 ҳазор шаҳрванди хориҷиро берун ва ё ихроҷ кардаанд ва ҳам ба мақомоти амниятӣ дастур додаанд, ки 7 ҳазору 700 нафарро ба қаламрави Русия роҳ надиҳанд.” Ба ибораи дигар, рӯзона аз Русия 400 муҳоҷир ва ё хориҷиро рондаанд.
Мақомоти худи Тоҷикистон гуфтаанд, ки танҳо дар соли 2025 аз аламрави Русия 36 ҳазор муҳоҷири тоҷикро берун кардаанд.
Ҳар сол даҳҳо ҳазор сокини Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба хориҷа мераванд. Бино ба гуфтаи созмонҳои байналмилалии молӣ ба мисли Бонки Ҷаҳонӣ иқтисоди кишвар сахт пойбанди пули муҳоҷирони корӣ аст ва агарчӣ аз ин ҳисоб пешрафти зиёде кардаст, вале барои дарозмуддат ин тамоюли хубе нест.
Баъди ҳамла ба толори "Крокус" дар соли 2024, ки Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро дар он гунаҳкор донист, мақомоти Русия назорат аз болои муҳоҷиронро сахтар карданд. Давоми ду соли ахир мақомоти Русия барои муҳоҷирон ва хонаводаҳои онҳо маҳдудиятҳои зиёде ҷорӣ ва зиндагии онҳоро сахт карданд.