Қарор аст, ҳафтаи оянда дар Риёз намояндаҳои Киев ва Вашингтон дар бораи созишномаи маъданҳои зеризаминии Украина ва роҳи расидан ба сулҳ гуфтугӯ кунанд.
Доналд Трамп аз Украина хостааст, ки зудтар барои сулҳ бо Русия розӣ шавад, чун дигар роҳе барои берун рафтан аз ин ҷанг вуҷуд надорад. Мақомоти Украина мегӯянд, Русия сулҳ кардани нест ва ҳамлаҳояшро афзоиш додааст.
Ба гуфтаи мақомоти Украина, дар ҳамлаҳои рӯзи 8-уми март ба Украина беш аз 50 нафар кушта шудааст.
Владимир Зеленский, президенти Украина рӯзи 8-уми март гуфт, ки "чунин ҳамлаҳо нишон медиҳад, ки ҳадафи Русия тағйир накардааст."
Русия эълон кард, ки се деҳаро дар вилояти Курск, ки тобистони соли гузашта Украина гирифта буд, пас гирифтааст.
Аз ҳамлаи Русия ба Украина беш аз се сол гузашт. Ҳанӯз ҳеч пешравие барои поёни ҷанге, ки даҳҳо ҳазор нафар дар он куштаву миллионҳо украиниро бехона кардааст, дида намешавад.