Русия донишҷӯёнро ба ҷанги зидди Украина ҷалб мекунад

Акси як узви "Бригадаи донишҷуёни Русия", ки сиёсатҳои Путинро таблиғ мекунанд.

Донишгоҳҳои Русия ӯҳдадор шудаанд, ки тибқи нақшаи муайяншуда донишҷӯёнро бо ҳадафи ширкат дар ҷанг бо Украина ба артиш сафарбар кунанд.

Бино ба навиштаи нашрияи Faridaily, ҳар як Донишкадаву Донишгоҳ вазифадор шудааст, ки камаш ду дарсади донишҷӯёнро ба бастани қарордод барои рафтан ба артиш водор созад.

Хабарнигорони нашрия ба нақл аз дӯстони ректори яке аз таълимгоҳҳои Маскав навиштаанд, дар оғози соли равон вазири илм ва таҳсилоти олии Русия Валерий Фалков дар ҷаласае эълон кардааст, ки ду дарсади донишҷӯён аз Донишгоҳҳо ҳадди аққал барои як сол бояд бо Вазорати дифоъ қарордод банданд.

Хабарҳо дар бораи ҷалби фаъолонаи донишҷӯён дар Русия аз охири соли гузашта расонаӣ шуда буд. Ба донишҷӯёнӣ мактабҳои олӣ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ пешниҳод доранд, ки рухсатии академикӣ гирифта, ба ҷанг раванд. Мақомот кӯшиш доранд, ки донишҷӯёнро дар бахши идоракунии бесарнишинҳо ҷалб кунанд.