Михаил Галузин, муовини вазири умури хориҷии Русия дар суҳбат бо нашрияи «Известия» гуфтааст, ки Маскав аз талошҳои Амрико ва Иттиҳоди Аврупо барои дастёбӣ ба фулузоти нодир ва маъданҳои гаронбаҳо дар Осиёи Марказӣ нигарон аст.
Кишварҳои узви Гурӯҳи ҳафт (G7), аз ҷумла Амрикову Иттиҳоди Аврупо, талош доранд вобастагии худро аз Чин, тавлидкунандаи асосии фулузоти нодиру гаронбаҳо кам кунанд. Чин ҳоло бозори фурӯши фулуззоти нодирро зери назорат дорад, ки барои тавлиди фанновариҳои муосир, аз ҷумла мошинҳои барқӣ, батареяҳои хуршедӣ ва системаҳои пешрафтаи дифоӣ заруранд. Аз ин рӯ, ин кишварҳои ҷаҳон дар ҷустӯҷуи бозорҳои алтернативӣ ҳастанд.
Русия кишварҳои Осиёи Марказӣ яъне Тоҷикистону Қазоқистон, Қирғизистону Туркманистон ва Узбекистонро, ки сарватҳои зеризаминӣ зиёд доранд, ҳавзаи нуфузи худ медонад. Айни замон Чин низ ба ин минтақа таваҷҷуҳи зиёд дорад.
Михаил Галузин дар мусоҳибае, ки рӯзи 20-уми май дар нашрияи «Известия» чоп шуд, гуфтааст: «Мо аз он нигаронем, ки Амрико барои имзои қарордодҳо дар бораи маъданҳои нодир ва фулуззоти гаронбаҳо босуръат ва сахт пофишорӣ дорад».
Ӯ афзуд: «Ин танҳо як рақобати оддии иқтисодӣ, балки талошест барои берун кардани Русия ва офаридани як зербунёди таҳти назорати Ғарб дар наздикии марзҳои мост».
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико моҳи ноябр бо мизбонии раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар Кохи Сафед, маъданҳои нодирро як авлавияти асосӣ дар ҳамкориҳо хонд ва ба талошҳои ҳукумати худ барои амнияти занҷираи таъминоти Амрико аз ҳисоби қарордодҳои нав таъкид кард.