Русия аз ҳамла ба сохторҳои барқрасонии Украина худдорӣ кардааст

Чор сол боз украиниҳо зимистони сахтеро пушти сар мекунанд.

Мақомоти Украина хабар доданд, ки Русия рӯзи 30-юми январ тақрибан аз ҳамла ба сохторҳои барқрасонӣ ва гармидиҳии ин кишвар худдори кардааст.

Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, ки ба истиснои як ҳамла ба анбори гази моеъ дар вилояти Донетск воқеан дигар ҳамлае ба сохторҳои барқрасонӣ ва гармидиҳӣ сурат нагирифт.

Аз ин пеш, Доналд Трамп, президенти ИМА гуфта буд, ки аз Путин хостааст, дар сармои шадид як ҳафта аз ҳамла ба сохторҳои барқрасонии Украина худдорӣ кунад. Трамп гуфта буд, ки Путин ба ин пешниҳод розӣ шудааст.

Русия моҳҳо боз бо садҳо паҳбоду мушак ба сохторҳои барқрасонии Украина ҳамла мекунад ва мардуми ин кишвар дар сардӣ аз бебарқӣ ранҷ мекашанд.

Владимир Зеленский гуфт, ки Русия ба ҷойи ҳамла ба сохторҳои барқрасонӣ ҳамла ба қаторҳои боркашониро афзоиш додааст. Ӯ гуфт, дар ин ҳамлаҳо қаторҳои ширкати Роҳи оҳани Украина зиён дидааст.

Русия чор сол боз зидди Украина меҷангад. Дар ин ҷанг ҳазорон украинӣ кушта ва миллионҳо нафар бехона шудаанд. Аксари кишварҳои дунё ҳамлаи Русияро бедалел дониста, маҳкум ва ин кишварро таҳрим кардаанд.

Доналд Трамп, ки барои сулҳ дар Украина талош дорад, дар охирин суҳбаташ гуфт, ки “ба пешравии бузруге даст ёфтаанд”.

Димитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, ки Трамп аз Путин ба таври хаттӣ хоста буд, ки аз ҳамла ба Киев ба хотири шароити хуб барои гуфтугӯ дар мавриди сулҳ то 1-уми феврал худдорӣ кунанд.

Рӯзи 1-уми феврал даври дуюми музокираи навбатии Русия ва Украина дар мавриди сулҳ бояд оғоз шавад.