Русия даҳҳо корманди нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр"-ро аз Эрон берун баровардааст, ки дар миёнашон 27 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд.
Дар ин бора расонаҳои давлатии Русия аз қавли Андрей Жилтсов, консули генералии ин кишвар дар Исфаҳон хабар доданд.
Ба қавли манбаъ, ин 27 шаҳрванди Тоҷикистон дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд. Аммо дар бораи ин тоҷикистониҳо маълумоти бештар дар даст нест.
Ҳамчунин рӯзи 15-уми апрел 81 белорусӣ, чор арманистонӣ, се узбекистонӣ ва чанд шаҳрванди Қазоқистон ва Украина ҳам, ки дар нерӯгоҳи "Бушаҳр" кор мекарданд, аз Эрон берун оварда шудаанд.
Ба гузориши расонаҳои русӣ, ин афродро аз тариқи замин ба Арманистон бурда, баъдан бо ҳавопаймо ба Русия интиқол додаанд.
Мақомоти Русия гуфтанд, дар умум 632 нафарро аз Эрон берун оварданд, ки дар миёнашон аъзои оилаи дипломатҳо низ ҳастанд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия пештар аз ҳузури "200 мутахассис"-и Русия дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" хабар дода буд.
Нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" аз сӯи ширкати русии "Росатом" сохта мешавад. Ин ширкат аввали моҳи март ва дар пайи ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон хабар дод, ки корҳои сохтмонӣ дар "Бушаҳр" қатъ шудаанд.