Мақомоти Русия эълон карданд, ки аз аввали сол то моҳи август 260 ҳазор хориҷиро ба кишвари худ роҳ надодаанд. Ин дар ҳолест, ки даҳҳо муҳоҷири кории тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки аз фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои марзии Русия бозпас фиристода шудаанд.
Ирина Волк, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Русия, рӯзи 22-юми октябр дар як баёнияи расмӣ дар Телеграм гуфт, аксаран онҳое вориди Русия шуда натавонистанд, ки аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум шудаанд.
Ирина Волк
Ӯ афзуд: “Сабабҳои асосии рад шудани ҳаққи вуруд ба Русия ихроҷи маъмурӣ, депортатсия, риоя накардани муҳлати иқомати қаблӣ, пешниҳоди маълумоти дурӯғ ё санадҳои сохта, ҷавобгариҳои маъмурии пешина ва пардохт нашудани андоз ё ҷаримаҳо дар замони иқомати пешина аст."
Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик ба Радиои Озодӣ дар гузашта гуфтаанд, ки бори аввал ба Русия сафар мекарданд ва ба қонуншикание роҳ надодаанд, вале аз марз пас гардонда шуданд.
Бар пояи изҳороти расмӣ, шумораи онҳое, ки дар ҳашт моҳи гузашта ба Русия ворид шуда натавонистанд, назар ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 76 дар сад бештар будааст.
Дар давоми имсол чандин хабару видео аз муҳоҷирони тоҷик ба дасти Радиои Озодӣ расид, ки онҳоро аз фурудгоҳҳои Русия баргардондаанд ё дар гузаргоҳҳои марзии Қазоқистону Русия дурудароз нигаҳ дошта ва сипас гуфтаанд, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд. Аз ин кишвар дар ду соли гузашта на камтар аз 70 000 шаҳрванди Тоҷикистонро берун рондаанд. Мақомоти давлатии Тоҷикистон низ ин хабарҳоро тасдиқ кардаанд.
Русия, ки мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аст, дар ду соли гузашта бо қабули зиёда аз 30 қонун ва тағйиру иловаҳо вуруд ва кору истиқомати муҳоҷиронро сахттар кард.
Даҳҳо ҳазор нафар низ аз сафар ба ин кишвар даст кашиданд. Бино бар омори охирини ҳукумати Тоҷикистон, соли 2025 андаке бештар аз 700 000 нафар ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки дар муқоиса ба соли 2024 тақрибан 100 ҳазор нафар камтар будааст.