Рубио: Наметавон дар 72 соат бо Эрон ба созиши ҳастаӣ расид

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико.

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи 24 май ба "Ню-Йорк Таймс" гуфт, ки созиш бо Эрон аз ҳимояти минтақавӣ бархӯрдор мебошад, аммо расидан ба як тавофуқи ҳастаиро наметавон "давоми 72 соат анҷом" дод.

Изҳороти ӯ пас аз он матраҳ шуд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико чанд соат пеш эълон кард, ки ба музокиракунандагони кишвараш гуфтааст, барои даст ёфтан ба созиш бо Эрон барои поён додан ба ҷанги семоҳа, "саросема нашаванд".

Рубио дар гуфтугӯ бо "Ню-Йорк Таймс" гуфт, "мо масъаларо ба баъд намегузорем. Музокироти ҳастаӣ масъалаҳои бисёр фаннӣ ҳастанд. Шумо наметавонед як мавзуъи ҳастаиро дар 72 соат ҳал кунед".

Ӯ афзуд, ки "дар ҳоли ҳозир, ҳафт ё ҳашт кишвари минтақа аз ин стратегия ҳимоят мекунанд ва мо омодаем ин роҳро идома диҳем".

Ин дар ҳоле аст, ки Марко Рубио чанд соат пеш гуфта буд, мумкин аст то шоми якшанбе хабаре дар бораи созиш бо Эрон эълон шавад, ки метавонад ба таври расмӣ ба ҷанг дар Ховари Миёна поён диҳад.

Хабаргузории "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорон, низ эълон кард, ки байни Теҳрон ва Вашингтон дар бораи бархе бандҳои созишнома, аз ҷумла, дар бораи "озодсозии амволи бандмондаи Эрон" ихтилоф вуҷуд дорад.