Рубио бо сарони 200 ширкати тиҷории Амрико ба Осиёи Марказӣ меравад

Марко Рубио

Котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзҳои 17-22 октябр ба шаҳри Самарқанд дар Узбекистон ва шаҳрҳои Мумбай ва Ҷамнагар дар Ҳиндустон меравад.

Марко Рубио дар Узбекистон дар нишасти вазирони кишварҳои C5+1 (панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико) иштирок хоҳад кард, то нишон диҳад, ки чӣ гуна ҳамкориҳои роҳбурдӣ тавассути ин тарҳи дипломатӣ ба ояндаи амну шукуфони Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд.

Мулоқоти ҷудогонаи котиби давлатии Амрико бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ дар назар аст.

Рубио дар сафари таърихии худ ба Осиёи Марказӣ як ҳайати иборат аз сарони 200 ширкати тиҷории Амрикоро низ мебарад.

Гурӯҳи C5+1 (панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико) соли 2015 таъсис ёфта, дар доираи он асосан ҳамкориҳои иқтисодиву амниятӣ баррасӣ мешаванд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико моҳи ноябри соли 2025 ва баъди мулоқоти раисҷумҳур Доналд Трамп бо раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ хабар дод, ки ширкатҳои Амрикову Тоҷикистон бо арзиши 3 миллиард доллар, аз ҷумла барои хариди ҳавопаймоҳои "Боинг" созишнома имзо кардаанд. Марко Рубио баъд аз поёни сафараш дар Узбекистон ба Ҳиндустон меравад. Ин сафари дуввуми ӯ ба ин кишвар дар соли ҷорист.

Вазири умури хориҷии Амрико дар Ҳиндустон бо мақомоти баландпояи ин кишвар мулоқот карда, масъалаҳои таҳкими шарикии стратегӣ, таҳаввулот дар минтақа ва ҷаҳон ва имкониятҳои густариши ҳамкориҳоро дар бахши энержӣ баррасӣ хоҳад кард.

Вай ҳамчунин дар суҳбат бо намояндагони доираҳои тиҷорӣ дар Ҳиндустон имкониятҳои сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Салом аз Трамп". Тоҷикистон дар моварои низои ИМА ва ЭронРаҳбарони Осиёи Марказӣ дар соли 2025 “бологузар” буданд. Дар 2026 чӣ?Амрико ҷузъиёти созишномаҳои тиҷоратӣ бо Тоҷикистонро эълон кардРаҳмон дар Вашингтон аз имконоти васеи ҳамкорӣ бо Амрико гуфтАмрико аз Осиёи Марказӣ чӣ мехоҳад? Осиёи Марказӣ аз Амрико чӣ?Дидори Байден ва панҷ президент. Коршиносон рамзу маънӣ ва дурнамо меҷӯянд