Марко Рубио, котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико, аз кишварҳои ғарбӣ хост, ки арзишҳои Юнони бостониро ба мисли "шуҷоат”, “шараф” ва “хидмат" бипазиранд.
Ӯ, ки рӯзи 7-уми октябр дар канори муҷтамаи Парфенон, рамзи Юнони бостонӣ, суҳбат мекард, гуфт, юнониҳо садоқат ба миллати худро камбудӣ намедонистанд. Ва ин арзишҳо, ба қавли мансабдори баландпояи амрикоӣ, сармашқи сиёсати президент Доналд Трамп мебошанд.
"Имрӯз мо дар чорроҳа қарор дорем, зеро даҳаи оянда ва қарорҳое, ки мо қабул мекунем, таърихи ин қарнро муайян мекунанд. Ин самтгирӣ муқаррар хоҳад кард, ки Ғарб дар садри умури ҷаҳонӣ ҷойгир хоҳад буд ё барканор гашта, бо заъф, бандагӣ ва инзивоъ дучор хоҳад шуд," – афзуд ӯ.
Рубио ҳамчун намунаи ихтилоф бо анъанаву арзишҳои ғарбӣ Эрон ва идеологияи Ҷумҳурии Исломиро мисол овард ва гуфт, муллоҳои тундгаро кӯдакони бомбгузори маргталабро чун қаҳрамон қадрдонӣ мекунанд.
Дипломати баландпояи Амрико бори дигар изҳор намуд, ки ҳеч гоҳ ба Эрон имкони тавлиди силоҳи ҳастаӣ дода намешавад.
Марко Рубио дар охири суҳбаташ афзуд, ҳар гуна эътилоф бояд бо ҳадафи таҳкими соҳибистиқлолии кишварҳо танзим гардад, на аз байн бурдани он. Ӯ ҳампаймонии Амрико ва Юнонро дар соҳаҳои мудофиа, энергетика, фанновариҳо ва амнитяи марзӣ намунаи чунин эътилоф номид.
Маҳз ҳамин нукта боис ба баҳсҳо дар Юнон будааст. Аз як тараф, ин кишвар ба Украина кумак мерасонад ва аз тарафи дигар, аз иқдомҳои "таҷдиди назарталабӣ"-и кишварҳои ҳамсояаш ташвишҳои амниятӣ дорад.
Панайотис Тсаконас, устоди равобити байнулмилалии Донишгоҳи миллии Афина ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳимоят аз арзишҳои ғарбӣ маънии онро дорад, ки аз қонуни байнулмилалӣ, тамомияти арзӣ ва соҳибистиқлолӣ, назме дар муқобили сиёсатҳои "таҷдиди назарталабӣ" ва таҳдидҳои гибридиву фишор пуштибонӣ ба амал ояд.
Сафари Марко Рубио ба кишварҳои муттафиқи паймони НАТО дар Аврупо аз Исландия оғоз ёфта, рӯзи 8-уми октябр дар Португалия ба поён мерасад.