Додгоҳи ҳарбӣ дар шаҳри Боку Рубен Варданян, соҳибкор ва вазири собиқи Қаробоғи Кӯҳиро ба 20 сол зиндон маҳкум кард. Дар ин бора хабаргузории давлатии Озарбойҷон хабар дод.
Варданянро аз рӯи 40 иттиҳом, аз ҷумла маблағгузории терроризм, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ, ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад ва куштору ғасби пурхушунати қудрат гунаҳкор кардаанд. Худи Варданян ин иттиҳомҳоро намепазирад.
Додситон пештар хоста буд, ӯ ба ҳабси абад маҳкум шавад.
Рубен Варданянро рӯзи 27-уми сентябри соли 2023, ҳангоми талоши баромадан аз Қаробоғи Кӯҳӣ, дар сарҳади Арманистон боздошт карданд. Он замон ин минтақа пурра Нерӯҳои Озарбойҷон дар ҷанги соли 2020 як бахше аз Қаробоғи Кӯҳиро зери назорат гирифтанд. Ин минтақа дар даргирии соли 2023 пурра таҳти итоати Озарбойҷон даромад..
Мурофиаи додгоҳӣ алайҳи раҳбарияти минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ моҳи январи соли 2025 шуруъ шуд. Варданян чанд бор гуфт, ки тафтиш ва мурофиа бо мавридҳои фаровони поймоли қонун ҷараён дорад. Ӯ дар боздоштгоҳ ду дафъа гуруснанишинӣ кард.
Ҷониби Озарбойҷон мегуфт, ҳуқуқи айбдоршаванда ва забоне, ки ӯ ба он гап мезанад, риоя шудааст.
Рубен Варданян муассиси ширкати брокерии "Тройка Диалог" ва мактаби тиҷоратии "Сколково" як замоне ба феҳристи шахсони сарватмандтарини Русия ворид буд. Вай соли 2022 аз шаҳрвандии Русия даст кашида, ба Қаробоғи Кӯҳӣ кӯчид.
Мақомоти Озарбойҷон инро ба шиддат танқид карда, гуфтанд, ки Варданян ба гуфтугӯи сулҳи миёни Арманистону Озарбойҷон, ки бо миёнравии Маскав соли 2020 ба даст омада буд, халал мерасонад.