Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 25-уми октябр ронандаи 44-солаи тоҷик Раҳматшоҳ Қурбоновро ба 6 сол зиндон маҳкум кард.
Қурбонов ронандаи мусофирбаре буд, ки моҳи майи имсол ба дарёи “Мойка” афтод.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамзамон шиносномаи русӣ дорад, ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ гунаҳкор шудааст.
Ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, “тормоз”-и мусофирбар мушкил дошт ва аз наздикони қурбониён маъзарат хост.
Дар мусофирбари ӯ, ки аз рӯйи пул ба дарё афтод, 20 мусофир буд. Тафтишот маълум кардааст, ки корфармо ба ронанда дар муддати чанд рӯз шароити кору истироҳати зарурӣ надодааст.
Ба нақли ҳамсари Раҳматшоҳ Қурбонов, вай як рӯз пеш аз ҳодиса 20 соат кор кард, вале раҳбараш баъди ҳамагӣ панҷ соати истироҳат дубора ӯро ба кор хонд.