Роҳхати дуюм насиби кӣ мешавад: "Истиқлол" ё "Ал-Завра"?

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 бо тими “Гоа”-и Ҳиндустон рақобат мекунад.

Ин бозии гурӯҳи “D” шаби чоршанбеи 24-уми декабр дар шаҳри Гоа, дар варзишгоҳи “Ҷавоҳирлол Неҳрӯ”, баргузор мешавад.

Дар бозии дигари даври шашум бошгоҳи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар майдони худ бо дастаи “Ал-Завра”-и Ироқ рақобат хоҳад кард. Ҳарду бозӣ дар як замон – соати 21:30 бо вақти маҳаллӣ (21:00 бо вақти Душанбе) – шуруъ мегардад. Мизбонон бо пироҳанҳои зарди норинҷӣ ва меҳмонон бо либоси сафед ба майдон меоянд.

Игор Черевченко, сармураббии дастаи “Истиқлол”, дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ ба хабарнигорон гуфт, “мо ба бозӣ кайҳост омодагӣ мебинем. Даста дар ҳолати хуб қарор дорад. Аммо дар сафар ҳамеша бозӣ кардан мушкил аст. Мо бозии аввалро бо “Гоа” дар Душанбе фаромӯш кардем. Фардо бозӣ нишон медиҳад, ки ба чӣ қодир ҳастем”.

Бошгоҳи “Ал-Наср”, ки бо 15 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “D” дар ҷойи аввал аст, ба марҳилаи ҳаштякниҳоӣ пешакӣ роҳхат гирифтааст.

Тақдири роҳхати дуюм аз рӯи натиҷаҳои бозиҳои даври охирини мусобиқа дар гурӯҳи “D” ҳал хоҳад шуд. Барои роҳхати дуюм дастаҳои «Ал-Завра» ва «Истиқлол» мубориза мебаранд. Бағдодиҳо бо 9 имтиёз дар ҷойи дуюм ва душанбегиҳо бо 6 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд. “Гоа” бидуни имтиёз дар зинаи охирин мебошад.

Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC бо ширкати 32 даста сурат гирифтааст. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб - тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат мебошад.

“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.


Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC-2025/26


Минтақаи Ғарб


Гурӯҳи “D”

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

«Ал-Завра» (Ироқ)

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Гоа» (Ҳиндустон)


Даври 1-ум


«Гоа» (Ҳиндустон) - «Ал-Завра» (Ироқ) – 0:2

Голҳо: Розиқ Банӣ Ҳанӣ, 44 (0:1), Низор Ал-Рашдан, 90+5 (0:2)

17-уми сентябр. Гоа. Варзишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳру


«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 5:0

Голҳо: Абдулраҳмон Ғариб, 14 (1:0). Ангело, 17 (2:0). Уэсли Тейшера, 59 (3:0. Кинсли Коман, 89 (4:0). Садио Мане, 90+3 (5:0).

17-уми сентябр. Риёз. Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд

Даври 2-юм


«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Гоа» (Ҳиндустон) – 2:0

Голҳо: Рустам Соиров, 46 (1:0), Ризо Деҳқонӣ, 74 (2:0)

1-уми октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ


«Ал-Завра» (Ироқ) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Голҳо: Абдуллоҳ Ал-Хайбарӣ, 52 (0:1), Жоао Феликс, 81 (0:2)

1-уми октябр. Бағдод. Варзишгоҳи Ал-Завра


Даври 3-юм


«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Завра» (Ироқ) -– 2:1

Голҳо: Иброҳим Гбадамоси, 4 (0:1), Амирбек Ҷӯрабоев, 20 (1:1), Шон Пол Комолафе, 84 (2:1)


22-юми октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ


«Гоа» (Ҳиндустон) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 1:2

Голҳо: Ангело,10 (0:1), Ҳорун Камара, 27 (0:2), Брисон Фернандес, 41 (1:2).

22-юми октябр. Гоа. Варзишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳрӯ

Даври 4-ум


«Ал-Завра» (Ироқ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:1

Голҳо: Ҳасан Абдулкарим, 7 (1:0), Иброҳим Гбадамоси, 53 – аз пеналти (2:0), Амирбек Ҷурабоев, 64 – аз пеналти (2:1).

5-уми ноябр. Бағдод. Варзишгоҳи “Ал-Завра”. 11700 тамошобин.


«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Гоа» (Ҳиндустон) – 4:0

Голҳо: Абдулраҳмон Ғариб, 35 (1:0), Абдулраҳмон Ғариб, 53 (2:0), Муҳаммад Маран, 65 (3:0), Жоао Феликс, 84 (4:0).


Даври 5-ум

“Истиқлол” (Тоҷикистон) – “Ал-Наср” (Арабистони Саудӣ) – 0:4

Голҳо: Жоао Феликс, 12 – аз пеналти (0:1), Муҳаммад Симакан, 40 (0:2), Садио Мане, 84 (0:3), Айман Яҳё, 90+2 (0:4).

«Истиқлол»: Никола Стошич, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов, Ҷозеф Окоро, Марлен Чобанов (Ризо Деҳқонӣ, 46), Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷурабоев, Эҳсон Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Сиёвуш Ҳақназарӣ (Пол Камолафе, 46), Рустам Соиров (Масрур Ғафуров, 82).


Корти зард: Ҷозеф Окоро («Истиқлол»), Султон Ал-Ганнам («Ал-Наср»).


Сардовар: Александр Кинг (Австралия).


26-уми ноябр. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ,15150 тамошобин.


“Ал-Завра” (Ироқ) – “Гоа” (Ҳиндустон) – 2:1

Голҳо: Кадҳим Раад, 38 (1:0), Дҳургҳам Исмоил, 51 – ба дарвозаи худ (1:1), Ҳасан Абдулкарим, 65 (2:1)

Аз пеналти гол зада натавонист: Иброҳим Гбадамоси, 36 (“Ал-Завра”),

Корти сурх: Ауш Чҳетри, 34 (“Гоа”)

Бағдод. Варзишгоҳи “Ал-Завра”


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”:


ҶДастаҳоБҒМБТИ
1“Ал-Наср”550017-115
2“Ал-Завра”53027-69
3“Истиқлол”52035-126
4“Гоа”50052-120


Даври 6-ум

24-уми декабр (чоршанбе)

21:00 (бо вақти Душанбе) - “Ал-Наср” (Арабистони Саудӣ) – “Ал-Завра” (Ироқ)

Риёз. Варзишгоҳи “Донишгоҳи Шоҳ Сауд”


21:00 (бо вақти Душанбе) - “Гоа” (Ҳиндустон) – “Истиқлол” (Тоҷикистон)

Гоа. Варзишгоҳи “Ҷавоҳирлол Неҳрӯ”