Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора расман чизе нагуфтаанд. Ба гуфтаи Байсалов, дидори роҳбарони се давлат, қадами муҳиме барои мустаҳкам кардани ҳамкориҳои минтақавӣ хоҳад шуд.
Ба гузориши расонаҳои Қирғизистон, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов созишнома дар бораи муайян кардани марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро имзо кунанд.
Рӯзи 21-уми феврал ин санад аз сӯи роҳбарони кумитаҳои амнияти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бишкек имзо шуда буд.
Аммо ҷузъиёти се созишномае, ки аз сӯи Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев имзо шуданд, расонаӣ нашудааст.
Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. Номуайянӣ дар сарҳад, дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби даргириҳои хунин шуд ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.