Рейтерз: артиши Амрико халабони дуввумро дар хоки Эрон ёфт

Ҳавопаймои F-15

Халабони дуввуми ҳавопаймои ҷангии F-15, ки дар Эрон сарнагун шуда буд, наҷот дода шудааст. Дар ин бора хабаргузории "Рейтерз" субҳи якшанбеи 5-уми апрел ба нақл аз ду мақоми амрикоӣ хабар дод.

То ҳол ҳеч мақоми расмӣ дар Пентагон ин хабарро тасдиқ накардааст. Сипоҳи посдорон низ дар ин бора чизе нагуфтааст.

Рӯзи ҷумъаи 3-юми апрел як ҳавопаймои ҷангии F-15-и амрикоӣ дар Эрон суқут кард. Сипоҳи посдорон эълон кард, ки ин ҷангандаро сарнагун кардааст.

Ин ҳавопаймо ду сарнишин дошт, ки яке аз онҳо дар ҳамон соати аввал аз сӯи нерӯҳои артиши Амрико наҷот ёфт, аммо халабони дуввум пайдо набуд. Сипоҳи посдорон ҳам ба ҷустуҷӯи ин халабони амрикоӣ пардохт ва барои ёфтани ӯ ба мардум ҷоиза ваъда кард.

Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ин нахустин ҷангандаи F-15E аст, ки дар ҷанг бо Эрон ҳадаф қарор мегирад.

Рӯзи ҷумъаи 3-юми апрел ҳамчунин як ҳавопаймои ҷангии дигари нерӯҳои ҳавоии Амрико (А 10) дар Халиҷи Форс суқут карда, ягона халабони он ҷони солим ба дар бурдааст.

Пештар Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба шабакаи NBC News гуфт, ки сарнагунии ҳавопаймои ҷангӣ бар гуфтугӯҳо бо Эрон таъсир нахоҳад гузошт, зеро ӯ ҳамчунон ба Теҳрон фишор меоварад, то созиши сулҳ бо Амрикоро, ки то кунун чеҳраҳои ҳукумати Эрон онро рад кардаанд, бипазирад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Идомаи ҷустуҷӯи халабони ҳавопаймои сарнагуншудаи амрикоӣ дар Эрон