Бозии бошгоҳҳои футболи «Мазия спортс» ва «Регар-ТадАЗ» рӯзи чоршанбеи 12-уми август дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Мале доир гардид.
Ҳарсе гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Голҳоро бозигарони меҳмонон Озодбек Панҷиев дар дақиқаи 51-ум, Шерзод Маҳмадиев (89) ва Амирҷон Сафаров (90+2) ба самар расонданд.
Ба ин тартиб, дастаи “Регар-ТадАЗ” зери раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2026/27 роҳ ёфт.
Маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати Осиё-2026/27 рӯзи 20-уми август дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор мешавад.
Дар ин рӯз рақибони дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, инчунин “Регар-ТадАЗ” муайян хоҳанд шуд. Оғози маросим - соати 15:00 бо вақти маҳаллӣ (12:00 бо вақти Душанбе).
Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар минтақаи «Ғарб» аз 17-ум то 24-уми октябр ба таври мутамарказ баргузор мегарданд. Макони баргузории мусобиқот баъдтар аз ҷониби AFC эълон мешавад.
Бозии ниҳоии Лигаи даъвати Осиё рӯзи 8-уми майи соли 2027 баргузор хоҳад шуд.
Лигаи даъвати AFC-2026/27
Марҳилаи интихобӣ
12-уми август (чоршанбе)
«Мазия спортс» (Молдив) - «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) – 0:3
Голҳо: Озодбек Панҷиев (51), Шерзод Маҳмадиев (89), Амирҷон Сафаров (90+2).
Корти сурх: Эдимо Кингю (“Регар-ТадАЗ”), 90+5
Мале, Варзишгоҳи миллӣ