Раёсати давраии СҲШ ба Покистон гузашт

Ҳамоиши сарони СҲШ дар Бишкек. 1 сентябр, 2026.

Тибқи гузоришҳо, Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, ки мизбони нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай буд, рӯзи якуми сентябр ҳамзамон бо супурдани раёсати даварии ин созмон ба Покистон, барои Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон орзуи муваффақият кард.

Покистон дар соли 2017 узвияти комили Созмони ҳамкориҳои Шанхайро ба даст овард ва дар соли 2027, пойтахти он Исломобод, мизбони нишасти баъдии сарони ин созмон хоҳад буд.

Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ҳинд, Покистон, Эрон ва Белорус, 10 узви ин созмон ҳастанд ва Афғонистон ва Муғулистон дар СҲШ кишварҳои нозир мебошанд.

Ба нишасти имсолаи сарони ин созмон, намояндае аз Афғонистони зери назорати Толибон даъват нашуда буд.