Рӯзи 13-уми ноябр дар як деҳаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (вилояти Хатлон) сел омадааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод, ки сел садди 70-метраи муҳофизатиро дар деҳаи Одинабойӣ рахна ва равуои сокинонро ба ҷамоати Саричашма душвор гардонд.
Боронгарӣ ва омадани сел дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон аз 11-ум то 13-уми ноябр сабт шудааст.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Радиои Озодӣ гуфтанд, селобҳо дар се рӯзи охир дар ҷануби Тоҷикистон ва минтақаҳои атрофи пойтахт ба баъзе аз маҳаллаҳо зиён расондаанд ва зарари расида шумориш мешавад.
“Бо сабаби паст гардидани ҳарорат, Кумита ба сокинон ва шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ сафар накунанд. Аз мавзеъҳои миёнбур, ки аз дохили баъзе каналу ҷӯйҳо мегузаранд, истифода набаранд. Зеро хавфи баланд шудани сатҳи оби дарёву соҳилҳо дар назар аст,” –гуфт Ориф Нозимиён, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Пештар Оҷонси ҳавошиносии Тоҷикистон аз боридани барфу борон дар Тоҷикистон хабар дода буд.
Дар се соли охир дар тирамоҳу зимистон дар Тоҷикистон борон ва сели харобиовар сабт мешавад, ки ҳолати камсобиқа дар табиати ин кишвар аст.