Бино ба хабари расонаҳо, як ҳайат аз Русия барои мулоқот бо намояндагони Амрико дар мавриди хатми ҷанг дар Украина ба Майами хоҳад рафт. Дидору гуфтугӯйи ҷонибҳо рӯзи 20-21-уми декабр дар назар аст. Дар ин бора Politico ва Axios бо такя ба манбаъҳои худ гузориш доданд.
Қарор аст, Вашингтон хулосаи даври охири музокирот бо Украинаро бо намояндагони Русия дар миён гузорад.
Ҳайати Русияро Кирилл Дмитриев, фиристодаи вижаи президент Владимир Путин ва ҳайати Амрикоро Стив Виткофф, фиристодаи хос ва Ҷерад Кушнер, мушовиру домоди раисҷумҳур Доналд Трамп роҳбарӣ мекунанд.
Ҳайати Амрико нақша дорад, пеш аз мулоқот бо ҷониби Русия бо дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина Рустам Умаров гап занад.
Ҳеч гуна дидору гуфтугӯи намояндагони Русия ва Украина дар назар нест.
Ба маълумоти Politico, дар Кохи Сафед бовар доранд, ки Русия замонатҳои амниятии Ғарбро дар Украина ва узвияти ин кишварро дар Иттиҳоди Аврупо хоҳад пазируфт.
Яке аз замонатҳои амниятӣ эҷоди нерӯҳо ба раҳбарии Аврупо аст, ки бо иштироки кишварҳои довталаб ташкил мешавад ва "дар таъмини амнияти фазоии Украина ва ҳифозат аз роҳҳои баҳрӣ нақш хоҳад дошт".
Даври охири музокироти байни Украина ва Ғарб рӯзҳои 14-15-уми декабр дар Берлин гузашт. Гузориши расонаҳо баёнгари он аст, ки ҷонибҳо бахши аъзами ихтилофҳоро аз байн бурдаанд, вале масъалаи вогузории қаламрав ҳамчунон ҳалношуда мондааст.