Расонаҳо: Трамп нақшаи ҳамлаҳои навро ба Эрон боздошт

Доналд Трамп

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп феълан аз нақшаҳои худ барои сахтар кардани даргирӣ бо Эрон даст кашидааст.

Рӯзномаи "Ню-Йорк Таймз" бо такя ба манбаъҳои худ дар Кохи Сафед навишт, низомиён аз кам шудани захираҳои мушакӣ барои маҷмаи дифои ҳавоии "Патриот" дар Ховари Миёна нигаронанд.

Ин рӯзнома менависад, то охири моҳи апрел Пентагон аллакай беш аз 1200 мушаки раҳгири "Патриот"-ро, ки арзиши ҳар кадоми онҳо аз чор миллион доллар бештар аст, истифода кардааст. Ба арзёбии низомиён, аз он замон то кунун вазъи захираҳо боз ҳам бадтар шудааст.

Ҳамсуҳбатони "Ню-Йорк Таймз" гуфтаанд, ки маъмурияти феълии Кохи Сафед аз оқибатҳои бештари танишҳо нигарон аст. Аз ҷумла, эҳтимоли ҷалб шудани муттаҳидони Иёлоти Муттаҳида дар Халиҷи Форс ба даргирӣ, болоравии бештари нархи сӯхт, буҳрони иқтисодӣ ва афзоиши фишори муҳоҷират аз ҷумлаи ин паёмадҳо арзёбӣ мешаванд.

Ғайр аз ин, бархе аз мақомҳои амрикоӣ шак доранд, ки ҳамлаҳои нави низомӣ Теҳронро маҷбур кунад, ки ба мизи музокирот баргардад.

Кохи Сафед рӯзи шанбеи 26-уми июл гузориши рӯзномаи "Ню-Йорк Таймз"-ро рад кард ва таъкид намуд, ки Доналд Трамп ҳамчунон ҳамаи гузинаҳоро рӯи миз нигоҳ доштааст.

Бо вуҷуди изҳороти Трамп дар бораи омодагӣ ба ҳамлаҳои минбаъда, дар Кохи Сафед як барномаи алтернативӣ мавриди баррасӣ қарор дорад, ки чандин мушовири ӯ, аз ҷумла Ҷаред Кушнер, аз он ҷонибдорӣ мекунанд. Ин нақша идомаи музокирот бо Эронро дар баробари тақвияти фишорҳои иқтисодӣ ва таҳримҳо пешбинӣ мекунад ва ба ҷойи амалиёти нави густардаи низомӣ пешниҳод мешавад.