Ба гузориши чанд расонаи Бритониё, нахуствазири ин кишвар Кир Стармер эҳтимол рӯзи душанбеи 22-юми июн истеъфои худро эълон мекунад.
Нашрияи Observer бо такя ба манобеи худ навишт, фишор болои Стармер аз ҷониби раҳбарияти Ҳизби коргар, аз ҷумла бархе аз аъзои кобинаи худи ӯ бештар шудааст.
Ҳамзамон теъдоди вакилоне, ки аз номзадии шаҳрдори Манчестер Энди Бёрнем барои раҳбарии Ҳизби коргар ва курсии нахуствазирӣ ҷонибдорӣ мекунанд, бештар шудааст.
То ҳол на худи Кир Стармер ва на дафтари сарвазир дар бораи эҳтимоли истеъфои ӯ чизе нагуфтаанд.
Дар айни замон ба навиштаи расонаҳо, Стармер рӯзи душанбе аз мақомаш фавран канор намеравад ва эҳтимол то таъйини сарвазири нав корашро давом медиҳад.
Ҳанӯз маълум нест, ки Энди Бёрнем барои роҳбарии Ҳизби коргар ва нахуствазирии Бритониё то куҷо дастгирии лозимро дорад.
Рӯзи 18-уми июн Бёрнем дар интихоботи миёндаврӣ барои курсии холишудаи порлумони Бритониё бо бартарии комил пирӯз шуд.
Бар асоси назарсанҷиҳо, маҳбубияти Энди Бёрнем аз сарвазири кунунӣ Кир Стармер бамаротиб бештар аст.
Ҳизби коргар ду сол пеш дар интихоботи порлумонии Бритониё пирӯз шуд. Аммо дар пасманзари мушкилоти иқтисодӣ ва афзоиши танишҳо вобаста ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, обрӯи ҳизб ба таври назаррас коҳиш ёфт.