Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон аз мақомоти интизомӣ хостааст, ки пеш аз интихобот муборизаро бо дигарандешӣ сахттар кунанд ва айни замон ҷавонони чеченро барои риши дарозу шими кӯтоҳашон танқид кардааст.
Бахши қафқозии Радиои Озодӣ, ки суханронии Рамазон Қодировро тарҷума кардааст, мегӯяд, ки ӯ ғайримустақим эътироф мекунад, ки боздоштҳои худсарона дар ин ҷумҳурии Русия вуҷуд дорад.
Ин ҳамаро раҳбари Чеченистон рӯзи 8-уми сентябр дар мулоқот бо раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ гуфтааст. Дар канали раҳбари Чеченистон дар Телеграм гуфта мешавад, ки вай дастур додааст, то «дар давраи интихоботи қарибулвуқӯъ ва доимо ҳушёрии баландро нигоҳ доранд ва назму тартибот ва амният дар ҷумҳуриро таъмин кунанд».
Ба гузориши бахши қафқозии Радиои Озодӣ, Рамазон Қодиров ба масъалаи «кор бо ҷавонон» таваҷҷӯҳи хос карда, хостааст, ки аз «ҳар гуна кӯшиши паҳн кардани афкори ифротӣ ва дигар мафкураҳои бегона саривақт пешгирӣ карда шавад». Маълум нест, манзураш аз ин гуфтаҳо чист. Раҳбари Чеченистон таъкид кардааст, ки ин кор «набояд танҳо дар ҳудуди Чеченистон маҳдуд шавад».
Рамазон Қодиров, яке аз атрофиёни наздикаш Замид Чалаев фармондеҳи воҳиди махсуси пулисро, ки номаш бо шиканҷа ва қатлҳои худсаронаи сокинон пайванд дода мешавад, масъули «равобит бо ҷавонон» дар берун аз Чеченистон таъйин кардааст.
Канали тарафдори ҳукумат «ЧП Грозний 95» дар Телеграм хабар додааст, ки Рамазон Қодиров дар ҷаласаи ниҳодҳои қудратӣ дар бораи зоҳири ҷавонони чечен сухан гуфта, ба онҳое, ки «риши беш аз ҳад дароз ва шими кӯтоҳ» доранд, эрод гирифтааст. Ӯ гуфтааст, ҷавонони чечен ин корро «на аз рӯи эътиқоди динӣ» мекунанд, балки пайравии онҳо аз тамоюлест, ки мӯд шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Дар Чеченистон тарзи либоспӯшии занонро маҳдуд кардаандБа гуфтаи Рамазон Қодиров, гӯё кадом як «шайтонҳо» қасд доранд, дар давраи корзори интихоботӣ даст ба фитна зананд. Дар саросари Русия охири моҳи сентябр интихобот баргузор мешавад.
Рамазон Қодиров гуфтааст: «Ҳар як корманд медонад, ки вай танҳо барои худ не, балки барои ҳар як намояндаи ҷумҳурӣ масъул аст. Онгуна ки худатон медонед, мо терроризмро шикаст додем. Аммо онҳо метарсанд, ки мардуми мо муттаҳид мешавад, дар Чеченистон ваҳдату ҳамдилӣ мешавад ва бо онҳое, ки рафтаанд, созиш ба миён меояд. Баъзе аз одамоне, ки рафтаанд, дар хориҷ нишастаанд. Ин шайтонҳо бадиро тарғиб мекунанд ва ба ҷавонони мо дар ин ҷо меомӯзонанд, ки ту рафта, бо теғ бизан, бо тир бизан". Агар шумо чунин одамонро медонед, ба хонаҳояшон равед, масъулият бар дӯши шумост. Ҳамаи мо бояд дар ин самт кор кунем. Имрӯз бахусус Ғарб, Аврупо ва НАТО ба мо нафрат доранд. Онҳо ҳастанд, ки фитна меандозанд, то дар ҷумҳурии мо сулҳу ваҳдат набошад.» Аммо ӯ ҳеч далеле барои собит кардани ин гуфтаҳояш наовардааст.
Ба гуфтаи бахши қафқозии Радиои Озодӣ, раҳбари Чеченистон бо ин талаб аз кормандони интизомӣ, ки ба хонаҳои афроди гумонбар бираванд, дар амал боздоштҳои ғайриқонуниву худсаронаро дар ҷумҳурӣ эътироф кард. Ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони мухолифин дар ин бора аз ин пеш мегуфтанд.
Рамазон Қодиров, ки худаш ҳам риши дарозе дошт, дар бораи зоҳири ҳамватанонаш сӯҳбат кардааст. Ӯ гуфтааст: «Дар ин ҷо одамоне мегарданд, ки риши дарозу шими кӯтоҳ доранд. Онҳо ба масҷид намераванд ва зоҳири худро ба мода табдил додаанд. Дар хиёбонҳо гаштугузор мекунанд ва насли ҷавон талош мекунад, мисли онҳо бошад. Занҳо низ акнун бо чодирҳо баромадаанд. Ба онҳо низ бояд гуфт, ки либосро мутобиқи меъёрҳои ислом пӯшид. Дар миёни мо ҳеч гоҳ касе фаранҷӣ напӯшида буд.»
Дар баъзе аз ҷумҳуриҳои Русия дар Қафқоз зери шиори ҳифзи арзишҳои суннатӣ ба занон дастур медиҳанд, ки чӣ гуна либос пӯшанд, чӣ чизро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунанад ва бо кӣ метавонанд муошират кунанд. Духтарон дар интернет мавриди таъқиб қарор мегиранд, маҳфилҳои онҳоро барҳам мезананд ва гурӯҳҳое аз ҷавонон ҷамъ омада, духтаронеро, ки ба ақидаи онҳо мухолиф ба арзишҳои суннатӣ рафтор кардаанд, муҳокима мекунанд.
Бино ба гузоришҳо, рӯзи 7-уми сентябр дар Чеченистон як нафар бо корд ба кормандони пулис ҳамла кардааст. Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти Чеченистон ин хабарро шарҳ намедиҳанд.
Рамазон Қодиров, ки аз соли 2007 раҳбари Чеченистон аст, бори сеюм аст, ки дар интихоботи раҳбари ҷумҳурӣ ширкат мекунад. Дафъаи гузашта ӯ 99 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда буд. Дар Чеченистон нозирони мустақил нестанд ва ҳомиёни ҳуқуқ солҳост, ки ширкати маҷбуриро дар интихобот сабт мекунанд. Бо вуҷуди он ки натиҷаи раъйдиҳӣ аз қабл маълум аст, худи корзори интихоботӣ ин дафъа ғайриодӣ ором ба назар мерасад.